Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2024

Новости за 23.05.2024

Пайкари Иброҳим Раисиро дар Машҳад дафн карданд

Ozodi.org 

Пайкари Иброҳим Раисӣ, президенти Эронро, ки дар суқути чархбол ҳамроҳи вазири корҳои хориҷӣ ва чанд мақомдори дигари ин кишвар ҳалок шуд, рӯзи 23-юми май дар шаҳри Машҳад дафн карданд. Дар Эрон барои гиромидошти ёди онҳо мотами миллӣ эълон шудааст.

Раиси ҷумҳури Эронро ба хок супориданд

Ozodi.org 

Рӯзи 23-юми май маросими бахоксупории пайкари Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, ки дар суқути чархбол ҳалок шуд, дар зодгоҳаш, шаҳри Машҳад баргузор шуд. Дар Эрон барои гиромидошти ёди президент, вазири корҳои хориҷӣ ва чанд мақомдори дигари ин кишвар, ки ба ҳалокат расиданд, мотами миллӣ эълон шуд.

Даҳҳо нафарро дар Язгулом дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Маъмурони амниятии Тоҷикистон як ҳафта пеш гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир кардаанд. Боздошт рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба иттилои дарёфтӣ, онҳо ба “омодагӣ ба харобкорӣ” гумонзад ҳастанд.



То 65 ҳазор сомонӣ ҷарима. Манъи либоси "бегона" дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ. Ҷарима барои "овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ". Инро моддаи 18-и тарҳи нави қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" пешбинӣ мекунад. Тарҳро вакилони порлумон рӯзи ҳаштуми май пазируфтанд. Вокунишҳо яксон нест.

То 65 000 сомонӣ ҷарима барои либоси "бегона"

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон пӯшидани либоси ба истилоҳ бегона ба фарҳанги миллиро манъ карду ҷарима таъйин кард. Тағйирот ба Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳ ҳафтаи гузашта қабул карда шуд. Акнун ба Тоҷикистон овардану фурӯхтан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосҳои бегона манъ шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *