Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2022

Новости за 07.05.2022

Баъзе расонаҳои Афғонистон аз "ҳамлаи мушакӣ ба Тоҷикистон" хабар доданд. Душанбе чизе нагуфт

Ozodi.org 

Баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми май дар бораи "ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон" хабар доданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ ё рад накарданд.

Русия як зани тоҷикистониро аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад

Ozodi.org 

Русия аз тариқи Интерпол як зани тоҷикистониро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Интерпол аксҳои Муниса Ҷаббороваи 38-сола, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро нашр карда, гуфтааст, ки Русия ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар касе дар борааш маълумот дорад, хабар диҳад. Дар бораи иттиҳоми зидди Муниса Ҷабборова Интерпол навиштааст, ки ӯро барои талоши пайвастан ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Соли гузашта дар як рӯйхати мақомоти интизомии Русия исми ӯ дар қатори беш аз 500 зодаи Тоҷикистон нашр шуда буд... Читать дальше...

Додгоҳи Беларус дӯстдухтари блогери мухолифро барои шаш сол зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи Беларус дӯстдухтари блогере, ки соли гузашта ба хотираш ҳавопаймои ширкати литвониро дар Минск поин оварда буданд, ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Софиа Сапегаи 24-сола, шаҳрванди Русия, рӯзи 6-уми май содир шудааст. Ба гуфтаи масъулони маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо номи “Вясна”, муҳокима шаш ҳафта пушти дарҳои баста идома кардааст. Мақомоти Беларус баҳона кардаанд, ки агар мурофиа боз сурат гирад, шояд маълумоти сиррӣ ошкор шавад. Сапегаро ба он муттаҳам кардаанд, ки дар... Читать дальше...

Муҳоҷир дар Тоҷикистон, вале бо орзуи кору таҳсил дар Канада

Ozodi.org 

Таҳсил дар ягона мактаби махсуси паноҳандагони афғонистонӣ “Сомониён” низ барои ҳамаи паноҳандагон дастрас нест ва бархе ҳам хондани фарзандонашонро дар мактабҳои тоҷикӣ нозарур меҳисобанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *