Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2022

Новости за 12.05.2022

"Духтари Тоҷикистон". Ёдворае аз Барно Исҳоқова. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вақте ки Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, бори аввал шашмақомхонии Барно Исҳоқоваро аз радио шунид, ӯро “Левичаи зан” дар шашмақом номид. Левича шашмақомхони шумораи яки яҳудиасли дарбори амирони Бухоро буд, ки ягон маҳфил бе ҳузури ӯ намегузашт.

Ёде аз Барно Исҳоқова

Ozodi.org 

Вақте ки Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, бори аввал шашмақомхонии Барно Исҳоқоваро аз радио шунид, ӯро “Левичаи зан” дар шашмақом номид. Левича шашмақомхони шумораи яки яҳудиасли дарбори амирони Бухоро буд, ки ягон маҳфил бе ҳузури ӯ намегузашт.

Туркия истеҳсоли бесарнишинҳои "ANKA"-ро дар Қазоқистон ба роҳ монданист

Ozodi.org 

Ба гуфтаи созандагони ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ, созишномаи ҳамкорӣ ба ҷуз аз истеҳсоли муштарак, ҳамчунин хидматрасонии техникӣ ва таъмири бесарнишинҳоро дар Қазоқистон дар бар мегирад.

Тағйирот дар кори тоҷирону овозхонҳои тоҷик. Сабукӣ ё ташвиши дигар? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон тарзи молиётгирӣ ё андозситониро тағйир дода, фаъолият бо патентро барои бисёриҳо, аз ҷумла соҳибкорону овозхонҳо ва устоҳои мошину омӯзгорони хусусӣ, аз байн бурд. Бар асоси муқаррароти нав, бештар ронандагони мошинҳои боркашу мусофирбар патент мегиранду бас.

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Сарбозшикор дар коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ноком шуд, Кумитаи андоз ба ҷойи патент гирифтани шаҳодатномаhj талаб мекунад, ҳаёти душвори оилае дар ноҳияи Фархор, болоравии нархи роҳкиро дар Хуҷанд ва матолиби дигар.



"Сарбозшикор" дар Омӯзишгоҳи тиббии Ёвон

Ozodi.org 

Намояндагони мақомот рӯзи 11-уми май талош кардаанд, хатмкунандагони Коллеҷ ё Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвонро ба комиссариати ҳарбӣ баранд, аммо муваффақ нашудаанд.

"Тири тасодуфӣ" роҳи асосии боркашониро байни Тоҷикистону Афғонистон бастааст

Ozodi.org 

Гузаргоҳи Панҷи Поён, роҳи асосии боркашонӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, муваққатан баста шудааст. Ронандагони тоҷик мегӯянд, се рӯз боз на ба он тараф гузашта метавонанд ва на мошинҳои боркаши худро аз Афғонистон оварда.

Ҷадвали бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 маълум шуд

Ozodi.org 

Ҷадвали бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол, ки моҳи июни соли равон дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, маълум гардид. Чунонки Иттиҳоди футболи Қирғизистон хабар медиҳад, бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шакли мутамарказ дар 6 кишвар - Ҳиндустон, Кувайт, Узбекистон, Малайзия, Муғулистон ва Қирғизистон - доир мегарданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи F бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн)... Читать дальше...

Пирӯзии муштзани тоҷик дар аввалин рақобаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон

Ozodi.org 

Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии  бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ пирӯзӣ ба даст овард. Шоира рӯзи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври муқаддамотӣ (1/32-ниҳоӣ) бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври баъдӣ (1/16-ниҳоӣ) Ҳадунг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Рақобати ҳарду рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор мешавад. Тоҷикистонро... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *