Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2023

Новости за 24.08.2023

Путин аз "хато" ва "истеъдод"-и Пригожин гуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Президенти Русия пас як рӯзи суқути ҳавопаймо дар наздикии Твер, ки эҳтимол мудири ширкати ҳарбии "Вагнер" Евгений Пригожин дар дохилаш буд, дар бораи ин ҳодиса ибрози назар кард. Вай 24-уми август тавассути телевизион "ба хонаводаи ҷонбохтагони ҳодиса" ҳамдардӣ намуд ва онро "фоҷиа" номид.

Хаймаҳои "Вагнер"-ро дар Беларус мебардоранд?

Ozodi.org 

Урдугоҳи муздурони "Вагнер"-ро дар наздикии шаҳри Осиповичи Беларус тадриҷан аз байн мебаранд. Бахши беларусии Радиои Озодӣ баъд аз омӯзиши наворҳое, ки 23-юми август аз ширкати Planet Labs дастрас кард, гуфт, қариб сеяки хаймаҳои аъзои “Вагнер” барчида шудаанд.

Ахбори Озодӣ аз 24-уми августи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар макони суқути ҳавопаймои Пригожин 8 ҷасад ёфт шуд, парвандаи ҷиноии раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Додгоҳи Олӣ фиристода шуд ва назари хабарнигорон дар бораи нишастҳои хабарии мансабдорони тоҷик.

Узбекистон дар Қарабоғи Куҳӣ мактаб сохтааст

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар сафараш ба Озарбойҷон ба шаҳри Физулии Қарабоғи Куҳӣ низ рафтааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 23 август хабар дод.



Медали дуюми тиллои Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯён

Ozodi.org 

Миҷгона Самадзода, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, дар мусобиқаи занон дар риштаи бокс медали тилло ба даст овард.

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо "Ал-Наср"-и Роналду бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC, ки имрӯз, 24-уми август, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар як гурӯҳ бо бошгоҳи «Ал-Наср«-и Криштиану Роналду бозӣ мекунад.

Кристиано Роналдо ба Тоҷикистон меояд

Ozodi.org 

Кристиано Роналдо ба Тоҷикистон меояд. Криcтиано Роналдо ба Тоҷикистон меояд. Ин ситораи маъруфи футбол, дар чаҳорчӯби бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ хоҳад кард. Мирзонабии Холиқзод дар ин бора мегӯяд.

Арзиши хидмати ҳарбии алтернативӣ боло рафт. Сокинон чӣ назар доранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ боло меравад. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон расман нашр шудааст.

Як дастаи футболи Тоҷикистон аз байн рафт

Ozodi.org 

Як дастаи номдори бозии футбол дар шимоли Тоҷикистон барҳам хӯрдааст. Гурӯҳи бозингарони дастаи Равшан дар ноҳияи Зафаробод бо пеш омадани мушкили иқтисодӣ ва дастгирӣ наёфтан аз мақомоти давлатӣ аз мусобиқаҳо маҳрум шудааст.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон Қирғизистонро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2023 миёни футболбозони то 17-сола мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Боздошти рӯзноманигор Олжобой Шакир дар Бишкек

Ozodi.org 

Нависанда ва рӯзноманигор Олжобой Шакир рӯзи 23 август 7 соат нопадид буд. Дертар хабар расид, ки вай дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст. Нозгул Бодбоева, ҳамсари вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Шакир нисфирӯзии 23 август дар хона буд, аммо баъди он нопадид шуд. "Вақте ман ба хона омадам, дар боз ва Олжобой дар хона набуд. Телефон хомӯш буд. Вай бо хешовандон тамос нагирифтааст. Мо намедонем, ки вай дар куҷост. Вақте ман хона омадам, кормандони пулиси шаҳри Бишкек ҳам омаданд. Читать дальше...

Ду шаҳрванди Узбекистонро аз ғуломӣ дар Русия наҷот додаанд

Ozodi.org 

Пулиси кишвари Ставрополи Русия ду узбекистониеро озод кардааст, ки як сокини маҳаллӣ онҳоро давоми 6 моҳ ҳамчун ғулом истифода мебурд. Як нафақахӯр дар ҳавзаи Шпаковои Ставропол ва ду дӯсти вай - яке 31 ва дигарӣ 52-сола охири соли 2022 тасмим гирифтанд, ки барои худ дастёр пайдо кунанд. Онҳо ба нафаре, ки шахсияташ ҳоло муайян нашудааст, тамос гирифта ва дар ивази 20 ҳазор рубл - муодили 200 доллари ИМА - ду шаҳрванди Узбекистонро хариданд. Инҳо марди 31-сола ва зани 27-сола ҳастанд, ки барои кор ба Русия рафта буданд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *