Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2023

Новости за 30.08.2023

Талоши Чин барои сохтани имиҷи мусбат аз Шинҷон дар Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Раҳбарони 21 расона аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо сафари созмондодаи мақомоти Шинҷон, давоми як ҳафта ба ин минтақаи Чин рафтаанд. Ин маърака охирин кӯшиши Чин барои эҷоди симои мусбати Шинҷон дар пасманзари нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар гуфта мешавад.

Хабарнигоронро ба маросими дафни Исматуллоев роҳ надоданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ба хабарнигорон иҷоза надоданд, то маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро сабт кунанд. Онҳо наворҳои бардоштаи хабарнигоронро аз марсими видоъ пок карда, ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дигар наворбардорӣ накунанд.

Бонкдори шинохтаи тоҷикро ба хок супурданд

Ozodi.org 

Имрӯз баъди адои маросими ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи Душанбе Шуҳрат Исматуллоев, мувоини собиқи раиси "Ориёнбонк" ба хок супорида шуд. Субҳи 30-юми август вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили марҳум рафтанд, хонаводааш нахост дар ин бора суҳбат кунанд.

Маҳбусони тоҷик:"Агар аз пушти мо гап зананд, моро ба ҷанг намебаранд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Маҳбусони тоҷик дар зиндони шаҳри Медини Русия, ки зери фишор барои рафтан ба ҷанг ба рӯйхат гирифта мешуданд, мегӯянд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ ва дахолати Сафорати Тоҷикистон вазъ тағйир ёфтааст.

Эҳтиёткорӣ ё фирор аз масъулият.Чаро масъулин дар бораи вазъи марз маълумот надоданд?

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорату ниҳодҳои масъули Тоҷикистон дар нишастҳои ахири хабарии худ, дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳои марзӣ ҷузъиёт надодаанд. Рӯзноманигорон, ки умед доштанд дар ин нишастҳо дар бораи вазъи марзу аломатгузории он маълумоти муфассал мегиранд, мегӯянд, иттилои дақиқе ба даст наоварданд.

Муҳсин Муҳаммадиев муқобили ситораҳои собиқи "Барселона" бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Шоми имрӯз, 30-юми август, дар шаҳри Бишкек бозии дӯстона миёни собиқ ситораҳои бошгоҳи футболи «Барселона»-и Испания ва собиқ ситораҳои футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Ин бозӣ ба муносибати ифтитоҳи Академияи «Барселона» дар шаҳри Ҷалолобод ва гузоштани капсулаи Академияи «Барселона» дар Бишкек доир мегардад. Барои ширкат дар ин маросимҳои ботантана президенти бошгоҳи футболи «Барселона» Жоан Лапорта ба Қирғизистон омадааст. Дар ин дидор дар ҳайати ситораҳои собиқи «Барселона» иштироки Роналдинйо... Читать дальше...



Тоҷикистон дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар бо 11 медал ҳаштум аст

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми ҳаштумро соҳиб шудааст.

Дар Қирғизистон "ТикТок"-ро мебанданд

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон тасмим гирифтааст, шабакаи иҷтимоии "ТикТок" дар қаламрави ин кишвар баста шавад.

Боздошти марде, ки паноҳҷӯёни узбекро тариқи Мексика ба Амрико фиристодааст

Ozodi.org 

Мақомоти Амрико мегӯянд, як фарди қочоқбар, ки бо гуруҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” иртибот доштааст, барои фиристодани даҳҳо паноҳҷӯи узбек ба Амрико мусоидат кардааст.

Русия ду гумонбаршудаи қатли Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст 

Ozodi.org 

Русия ду фарди гумонбаршуда дар қатли бонкдори  тоҷик Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст.  Дар ин бора рӯзи 29-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар дидораш бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода хабар додааст.

Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Ozodi.org 

Давлати Фаластин сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард. Пеш аз ин вазифаи сафири Фаластин дар Тоҷикистонро намояндаи дипломатии ин кишвар дар Тошканд иҷро мекард. Риёз Ал-Моликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин рӯзи сешанбеи 29-уми август дар маросими ифтитоҳи ин намояндагии дипломатӣ умедворӣ кард, ки Сафорати кишвараш барои тавсеи робитаҳо дар ҳама арсаҳо таъсиргузор хоҳад буд. Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш ифтитоҳи Сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистонро омили густариши равобит байни ду кишвар хонд. Читать дальше...

15 истироҳатгоҳ дар Иссиқкул ба иҷора дода мешаванд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навиштааст, ки сармоягузорон метавонанд 15 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкул то 49 сол ба иҷора гиранд. Вай бо нашри акс ва видеои истироҳатгоҳҳои куҳна афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри давлат ва ниҳодҳои давлатӣ 15 иншоот қарор дорад ва ҳамаи онҳо бе нигоҳубин мондаанд. "Мо ин истироҳатгоҳҳоро то 49 сол ба иҷора медиҳем. Аз сарватмандони дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ даъват мекунам, ки биёед, бигиред... Читать дальше...

"Ба ғайр аз об ҳеч кумак нагирифтем." Сокинони зарардида чӣ ҳол доранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти ду рӯз аз сар задани офати табиӣ, мардуми зарардида мегӯянд то ҳол ёриҳои аввалияро дарёфт накардаанд. Масъулин баръакс аз дастрас шудани кӯмак ба сокинон хабар медиҳанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *