Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2018

Новости за 28.08.2018

Пулиси Русия ба "хабаркашҳо" миллионҳо рубл ҷоиза медиҳад

Ozodi.org 

Аз 28 август фармони Вазорати корҳои дохилии Русия ба иҷро даромад, ки бар пояи он шаҳрвандон барои "кӯмак дар боз намудани ҷиноятҳо ва боздошти ҷинояткорон" ба шаҳрвандон ҷоизаи пулӣ медиҳад. Тарҳи ин фармон дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ нашр шудааст. Бинобар ин санад, қарори ҳаҷми ҷоизаи пулии беш аз се миллион рублро   вазири корҳои дохилӣ Владимир Колокотсев қарор қабул кунад. Ҷоиза дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл бо имзои раҳбари Идораи минтақавӣ ва то се миллион рубл бо имзои муовини вазир ироа мешавад. Читать дальше...

Узбекистон ҳалқаи қочоқбари танфурӯшҳоро ошкор кард

Ozodi.org 

Дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанди Узбекистон гуруҳи занонеро боздошт карданд, ки қарор буд барои танфурӯшӣ ба Туркия интиқол меёфтанд. Биноба маълумоти Вазорати умури дохилии Узбекистон, гуруҳи ҷиноӣ, ки занҳоро барои танфурӯшӣ ба туркия мефиристод рӯзи 15 август дар натиҷаи як амалиёти пулиси вилояти Навоӣ боздошт шуд. "Узви гурӯҳи ҷиноӣ, сокини Самарқанд Р. Б. дар вилояти Навоӣ се зани бекору ниёзмандро пайдо кардааст, ки хоҳиши кор дар хориҷро доштанд. Бо ваъдаи ҷои кор ба ҳайси фурӯшанда ва фаррош мехост... Читать дальше...

Қирғизистон баррасии созишномаи Қумторро дубора ба таъхир гузошт

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон муҳлати баррасии созишномаи стратегиро бо шикати канадагии "Сентерра" то ду моҳи дигар ба таъхир гузошт. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки муҳлати иҷрои шартҳои созишномаро то 2 ноябр тамдид кунанд. Роҳбарияти Кумитаи давлатии саноати Қирғизистон сабаби чунин тасмимро  шарҳ надод. Моҳи июн ҳукумати Қирғизистон гуфт, ният дорад шартҳои созишнома бо "Сентерра"-ро бозбинӣ кунад. Бино бар созише, ки дар замони сарвазирии Сафар Исҳоқов дар сентябри соли 2017имзо шуд, ширкати "Сентерра" вазифадор шудааст... Читать дальше...

Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар авохири моҳи сентябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сайти хабарии "Kun.uz" хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев дар нишасти руасои ҷумҳури кишварҳои узви созмони Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 27-28 сентябр дар Душанбе доир мешавад, ширкат мекунад. Тибқи иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Узбекистон ба иловаи ширкат дар ин нишаст, мулоқотҳои ҷудогона бо сарони кишварҳои узви ин созмон хоҳад дошт. Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори охир дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар карда буд. Читать дальше...

Нишасти Маскав дар бораи сулҳи Афғонистон ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Русия ва Афғонистон рӯзи душанбеи 27-уми август эълон карданд, ки нишасти сулҳи Афғонистон, ки қарор буд рӯзи 4-уми сентябр дар Маскав баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфт, ки ҳукумати ин кишвар дар нишасти Маскав иштирок намекунад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Чин, Узбекистон ва Мянмар бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 8-уми сентябри имсол дар шаҳри Юннани Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Чин, Узбекистон ва Мянмар мебошанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *