Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2018

Новости за 19.12.2018

Дар Тошканд шабакаи шаҳрии Wi-Fi таъсис ёфт

Ozodi.org 

Дар пойтахти Узбекистон рӯзи 17 декабр маросими ба кор даровардани шабакаи шаҳрии Wi-Fi баргузор шуд. Ин шабака бо тамға ё бренди SOLA аз сӯи ширкати Asia Wireless Group роҳандозӣ шудааст. "Тошканд дар Осиёи Марказӣ нахустин шаҳре хоҳад буд, ки шабакаи баландсуръати интернети беноқил хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоияи ширкат. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Ӯзбекистон 1200 нуқтаи пайвастшавӣ ба Wi-Fi амал мекунад. Қарор аст, то баҳори соли оянда шумори онҳо ба 5000 расад. "Низоми SOLA ду навъи... Читать дальше...

Дастаҳои ширкаткунанда дар Ҷоми Осиё-2019 $240 ҳазор мегиранд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаб барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2019 240 ҳазор доллар мегиранд. Маблағи умумии бунёди ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, 14,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Чунон ки сомонаи Sports.uz хабар додааст, маблағи бунёди ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 ба таври зайл тақсим мешавад: 5 миллион доллар - барои ғолиби мусобиқа; 3 миллион доллар - барои финалист; 1 миллион долларӣ - барои дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб мешаванд. Читать дальше...

Домоди Рӯҳонӣ қурбонии иттиҳоми хешутаборчигӣ шуд

Ozodi.org 

Пас аз вокунишҳо ба таъйини Комбиз Маҳдизода, домоди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба унвони муовини вазири саноат ва раиси Созмони заминшиносии Эрон, оқои Маҳдизода се рӯз пас аз таъйин шуданаш ба ин мақом, истеъфо дод.

Литва қочоқчиёни мошинҳои дуздӣ ба Тоҷикистонро боздошт кард

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Литва аз боздошти як гурӯҳи фаромиллӣ хабар дод, ки ба қочоқи мошинҳои гаронбаҳо аз Олмон машғул буданд. Расонаҳои Литва навиштанд, ки ин мошинҳо ба шарқ, умдатан ба Тоҷикистон содир мешуд.

Роҳсозони қирғиз бо талаби пардохти маош дубора корпартоӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҳудуди 50 бинокори роҳи Балиқчӣ-Корумду бо талаби пардохти маошашон дубора даст ба эътироз заданд. Онҳо мегӯянд, аз моҳи август ба ин тараф маош нагирифтаанд. "Аз тобистон ба ин сӯ маош нагирифтаем. Маоши моҳҳои июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабрро то ҳол надодаанд. Чиниҳо ваъда доданд, ки фардо медиҳанд",-гуфт ёвари муҳандиси бунёди роҳ Эркинбек Бейшембиев. Бо эътирозгарон муовини намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл Дамир Монолдоров... Читать дальше...

Бунёди хайрияи Трамп ба амалиёти ғайриқонунии молӣ айбдор шуд

Ozodi.org 

Додситони кулли аёлати Ню-Йорк Барбара Андервуд эълом кард, ки бунёди хайриявии Трамп дар робита ба амалиёти ғайриқонуни молияш баста мешавад. Андервуд президенти ИМА Доналд Трамп ва се фарзанди калониашро ба он айбдор кард, ки пулҳои бунёдро ба ҳадафҳои шахсӣ ва сиёсӣ истифода бурданд. Вакили дифои бунёди Трамп додситонро ба кӯшиши сиёсӣ кардани парванда айбдор мекунад. Қазияи бунёди Трамп яке аз парвандаҳое ҳаст, ки дар робита ба амалҳои президенти ИМА ва аъзои хонаводааш тафтиш мешаванд. Бузургтарини... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *