"Аввал хидмат, баъд шаҳрвандӣ." Идомаи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО
"Рейд" ё амалиёт барои тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия идома дорад.
"Рейд" ё амалиёт барои тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия идома дорад.
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ду видео рӯзи 6-уми сентябр эълон кард, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов), яке аз гумонбарон ба рабудан ва куштани бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоев, "зинда аст".
Боздошту азияти муҳоҷирон дар Русия бидуни таваққуф давом дорад, нархи ангур хеле боло рафтааст, таваҷҷуҳ ба таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон коҳиш ёфтаас ва матолиби дигар.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, ки барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур ба пойтахти ин кишвар расид, рӯзи 5-уми сентябр аввалин тамринашро анҷом дод.
Баъди нашри навори латукӯби Тимур Данебоев - фаъоли қазоқистонӣ дар зиндон, 11 корманди маҳбасро мехоҳанд барканор кунанд. Дар ин бора дар сомонаи Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон хабар додааст.
Сокинони зарардида аз сел баъди қариб як ҳафтаи ҳодиса кӯмак дарёфт кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва созмонҳои байнулмиллалӣ барои сокинони осебдидаи шаҳри Ваҳдат курпаву болишт, орду равған ва бастаҳои беҳдоштӣ расонданд.
"На шоир рӯз дорад, на тоҷир ва на рӯзноманигор. Ҳукумати Тоҷикистон ба кӣ вафо мекарда бошад?" Суоли корбаре ба номи "Хуросони Бузург" дар Фейсбук дар пасманзари боздошти рӯзноманигор ва нависандаи 65-сола Абдуқодири Рустам.
Нурланбек Шакиев, раиси порлумони Қирғизистон, рӯзи 6-уми сентябр гуфт, қарори Додгоҳи конститутсионӣ дар бораи модарсолорӣ "сарусадо барпо кард" ва "зарбаи сахте" ба мардуми қирғиз шуд.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ба Киев расид. Дар ин бора сомонаи "Европейская правда" хабар дод.
Сафиаллоҳ Мирзозодаи ҳафтсола, ки аз сели маргбор дар шаҳри Ваҳдат ба таври муъҷизаосо наҷот ёфт, ҳоло дар бемористон аст.
Дар Узбекистон касонеро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб хоҳанд кард, ки зиндагии муштаракро дар як замон бо ду ва ё зиёда зан таблиғ ва ҳамчунин ошкоро баробарҳуқуқии зану мардро инкор мекунанд. Ин қонунро вакилони порлумони Узбекистон қабул кардаанд.
Соли гузашта як шахси сарватманди мисрӣ манзили тобистонаашро, ки дар шаҳри соҳилии Искандария қарор дорад, барои истироҳати мардуми камбизоат боз намуд. Чанде пеш ин шахс вафот кард, вале писари ӯ ташаббуси падарашро давом медиҳад.
Ҳафтаи аввали таҳсил дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идома дорад, аммо ба онҳое ҳам, ки ҳанӯз донишҷӯ нестанд, имкон дода шудааст баъти худро бисанҷанд. Маркази Тестии Тоҷикистон имсол барои бори аввал ба довталабоне, ки дар ду даври аввал ба мактабҳои олӣ роҳ наёфтаан, шонси сеюмбора додааст.
Ё сабти ном дар комисариати ҳарбӣ ё ихроҷ ба ватан. Идомаи азияти муҳоҷирон
Ҳафтаҳои ахир нархи ангур дар бозорҳо то ба 40- 50 сомонӣ расидааст, ки чанд баробар бештар аз нархи солҳои қаблӣ будааст. Гузориши ҳамкорони мо Амир Исоев ва Искандари Фирӯз дар ин бора гузориш доранд.
Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати 13 варзишгар (7 мард ва 6 зан) дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз 5 сентябр Марат Ахметҷонов раиси вилояти Акмола ва Ербол Карашукеев раиси вилояти Ҷамбил таъйин шудаанд. Марат Ахметҷонови 58-сола аз моҳи феврали соли 2022 вазири корҳои дохилӣ буд. Ӯро 1 сентябр аз мақом барканор карданд. Ербол Карашукеев то 1 сентябр вазири кишоварзии Қазоқистон буд. Ӯро раиси вилояти Ҷамбил таъйин кардаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани се тан аз аъзои гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки бо ҳадафи "анҷоми амалҳои террористӣ" аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон убур карда буданд, хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, аз ин афрод миқдори зиёди силоҳ ҳам мусодира шуда, паноҳгоҳи онҳо аз байн бурда шуд.