Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2023

Новости за 22.09.2023

"Дод мезад, ки даматонро гиред." Шикояти муҳоҷирон аз дағалии пулиси Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик аз муносибати дағалу таҳқиромези кормандони пулис дар Санкт-Петербург шикоят карданд. Рӯзи 21-уми сентябр даҳҳо муҳоҷири тоҷик ҳангоми тамдиди сандаҳояшон ба таҳқиру таҳдид рӯ ба рӯ шуданд.

Кохи Сафед гуфт, Байден бо панҷгона дар бораи амният ва мудофиа гап задааст

Ozodi.org 

Рӯзи 21 сентябр сомонаи Кохи Сафед изҳороти муштараки роҳбарони саммити "C5+1"-ро нашр шуд. Дар изҳороти муфассали роҳбарон, ба масъалаи амнияти энержӣ дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, дар бораи риоя шудани ҳуқуқи инсон тақрибан ҳарфе нест.

Русия содироти маводи сӯхтро маҳдуд кард 

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия аз рӯзи 21-уми сентябр барои содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард. Дар қароре, ки зераш нахуствазир Михаил Мишустин имзо кард омадааст, "маҳдудияти муваққатӣ имкон медиҳад, ки маҳсулот дар бозор фаровон шуда, нарх поён равад."



Писари ректори Донишгоҳи славянӣ дар садамаи маргбори овозхон ширкат доштааст 

Ozodi.org 

Ҷавоне, ки номаш дар робита ба марги фоҷиавии овозхон Некрӯз Ниёзов расонаӣ шуд, писари ректори Донишгоҳи славянӣ будааст. Бино бар хабари расмӣ, Комёб Файзулло шаби 21-уми сентябр дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон” тасодуф карда, овозхон Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кард.

Овозхони ҷавони тоҷик дар тасодуфи нақлиётӣ ҳалок шуд

Ozodi.org 

Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷик ва аз шогирдони Далер Назаров, дар як садамаи нақлиётӣ фавтидааст. Наздиконаш гуфтанд, ҳодиса шаби 21 ба 22-юми сентябр дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон"-и шаҳри Душанбе рух дод.

Озарбойҷон тирандозии сарбозонаш ба неруҳои Русияро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Додситонии кулли Озарбойҷон тасдиқ кард, ки мошини сарбозони Русия дар Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи сарбозони озарбойҷонӣ тирборон шудааст. Ба иттилои додситонӣ, дар ин ҳодиса, ки 20-уми сентябр рух дод, шаш сарбози неруҳои посдори сулҳи Русия кушта шуданд.

Гумонбар шудани як посбон дар оташ задани бинои Донишгоҳи Хуҷанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини Хуҷандро барои қасдан оташ задани бинои таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд муттаҳам кард. Як манбаи Радиои Озодӣ субҳи 22-уми сентябр гуфт, ки ин фард ба ҳайси посбон дар донишгоҳ кор мекард.   Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор шаби 19 ба 20-уми сентябр рух дод ва 400 метри мураббаъро дар бар гирифт. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, дар пайи таҳқиқи аввалия маълум гардидааст, ки бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд... Читать дальше...

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Baku Grand Slam" маълум шуданд

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam», ки рӯзҳои 22-24-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқот то ҳоло 446 варзишгар (264 мард ва 182 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи олам номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳашт варзишгар дар рақобатҳо миёни мардҳо намояндагӣ мекунад: -60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов -66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ -73 кг ... Читать дальше...

Узбекистон барои осебдидаҳои зилзилаи Туркия сайёҳат ташкил кард

Ozodi.org 

Барои шаҳрвандони осебдида аз зилзилаи харобиовари моҳи феврали соли ҷории Туркия дар Узбекистон сайёҳат ташкил карданд. Дар ин иқдом, ки аз ҷониби ҳукумати Узбекистон ташкил шудааст, 30 шаҳрванди Туркия ширкат кард. Шаҳрвандони Туркия рӯзи 18 сентябр ба шаҳри Тошканд расиданд ва ҳамон рӯз сайёҳатро шуруъ карданд. Меҳмонони туркӣ давоми 7 рӯз аз шаҳрҳои Тошканд, Ҷиззах, Самарқанд, Бухоро ва вилояти Хоразм дидан мекунанд.

"Равшан" дар аввалин бозиаш дар Ҷоми AFC ду имтиёзро аз даст дод

Ozodi.org 

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *