Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2023

Новости за 29.09.2023

Се паҳлавони тоҷик аз Чин бо медал баргаштанд

Ozodi.org 

Се паҳлавони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Чин медал гирифтанд, шоми 28 сентябр ба ватан баргаштанд. Ҳар се медал ба риштаи ҷудо марбут аст. Онҳоро ҳаводорон ва наздикон пешвоз гирифтанд. Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1951 ба ин тараф ҳар чаҳор сол як дафъа баргузор мешавад.

Бе шарҳ. Даъвои мухолифон ва як намояндаи ҳайати Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар остонаи нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президент ва садри аъзами Олмон, шоми 28-уми сентябр, дар қаҳвахонае дар Берлин гурӯҳи мухолифони тоҷик зоҳиран ба як намояндаи ҳайати Тоҷикистон вориди баҳсу даъво шуда, сипас занозанӣ кардаанд. Навори бидуни шарҳ.

Ахбори Озодӣ аз 29-уми сентябри соли 2023

Ozodi.org 

Эътирози мухолифон ҳангоми сафари раҳбарони Осиёи Марказӣ ба Олмон; бозгашти барандагони медалҳои Бозиҳои Осиё ба ватан; таҳқиқи марги арбоакаше дар Истаравшан ва матолиби дигар.

ПМТ: Кабирӣ дар Литва бо мақомот ва вакилон мулоқот кард

Ozodi.org 

Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки раҳбари ин ташаккули сиёсӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Литва сафар карда, бо мақомот, вакилони порлумон аз ҳизбҳои сиёсии гуногун, чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ кардааст.   Ба иттилои Паймони Миллии Тоҷикистон, дар ин мулоқот дар бораи вазъи кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Миёна ва масоили дигар гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.   Манбаъ мегӯяд, ки оқои Кабирӣ ҳамчунин бо бархе расонаҳои... Читать дальше...



Замир Кобулов: Тоҷикистон мухолифи бархе нуқоти "Эъломияи Қазон" аст

Ozodi.org 

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон бархе аз нуқтаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро таъйид накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон, имрӯз, 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд. Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Замир Кобулов ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои шашумин нишасти "Формати Маскав" гуфт, "кори мо такмил шудааст, Эъломияи Қазон тақрибан тавассути ҳама, ба ҷуз Тоҷикистон, таъйид шудааст. Читать дальше...

Сабаби таваҷҷуҳи Олмон ба Осиёи Марказӣ чист?

Ozodi.org 

Нишасти сарони Олмон+Осиёи Марказӣ рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Берлин баргузор мешавад. Сабаби фаъол шудани Олмон дар Осиёи Марказӣ чист? Штефан Майстер, коршиноси Анҷумани сиёсати хориҷии Олмон дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба ин ва чанд суоли дигар посух дод.

"Истиқлол" барои бозӣ бо "Ал-Наср" ба Саудӣ меравад 

Ozodi.org 

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои баргузор кардани бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи "Ал-Наср"-и Риёз шаби 29-ум ба 30-юми сентябр ба Арабистони Саудӣ меравад.

Қонуне, ки сарнавишти даҳҳо хонаро равшан накард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мунтазир буд, ки бо қабули қонуни афви амвол, манзили ӯ ва ҳамсояҳошон қонунӣ мешавад ва санад мегиранд. Аммо бо гузашти ду сол аз қабули қонуни афв, сарнавишти манзили Қурбонбӣ Шоҳқулова норӯшан аст.

"Формати Маскав". Русия: Толибон ба ташкили ҳукумати фарогир омода шаванд

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия нишасти шашуми "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон доир шавад. Дар нишаст намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.

Дар таркиши Тошканд ҳудуди 600 хона осеб дидааст

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Тошканд ва муовини раиси комиссияи ҳукуматӣ Шавкат Умурзоқов теъдоди хонаҳоеро, ки дар натиҷаи таркиши анбор осеб дидаанд, эълом кард. Ба гуфтаи Умурзоқов, дар натиҷаи таркиш 592 хона дар баландошёнаҳо, 8 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 1 мактаб ва 2 боғча осеб дидааст. Ҳамчунин ба боми 24 баландошёна ва 25 манзили хусусӣ зарар расидааст. "Газета.уз" хабар додааст, ки мақомот барои қабули муроҷиати сокинони зарардида телефони боварӣ ташкил кардаанд. Дар анборҳои... Читать дальше...

Пашинян Озарбойҷонро дар поккории қавмӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо ишора ба бурунрафти дастаҷамъонаи арманитаборон аз Қарабоғи Куҳӣ, Озарбойҷонро ба сиёсати поккории қавмӣ муттаҳам кард. Пашинян рӯзи 28 сентябр дар ҷаласаи ҳукумати Арманистон гуфт, "ин як амали мустақими поккории қавмӣ ва маҳрумсозӣ аз зодгоҳ аст. Ҷониби Арманистон дер боз ҷомеаи ҷаҳониро аз он ҳушдор додааст". Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки даст ба иқдоми ҷиддӣ бизананд. "Изҳороти бозигарони гуногуни байналмилалӣ, ки поксозии қавмӣ дар Қарабоғи Куҳиро маҳкум мекунанд, муҳим аст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *