Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2022

Новости за 02.10.2022

Парвози парандагони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, "ба самти нобудӣ"

Ozodi.org 

Бино ба як гузориши нави байнулмилалӣ, саршумори нисфе аз паррандагон дар ҷаҳон кам шуда, аз байни ҳар 8 навъи онҳо яке дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Паррандагони зебои Тоҷикистон ҳам аз ин раванд дар канор намондаанд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Тайланд бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Тайланд, ки бо 7 имтиёз ғолиби гурӯҳи «А» шуд, бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 4-уми октябр, дар Кувайт соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Сипоҳ гуфт, дар даргирии Зоҳидон дастикам 20 кас кушта шуд

Ozodi.org 

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки дар задухӯрд миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва "ҷудоиталабони мусаллаҳ" дар ҷанубу шарқи ин кишвар камаш 20 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми сентябр дар Зоҳидон рӯй дод.

Мегӯянд, "нақша нест", вале биноҳои Данғара баёнгари чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд сол боз баҳси ба маркази вилоят табдил шудани ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад. Мақомот мегӯянд, нақшаи генералии Данғара то ҳол дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ асту ба дасти онҳо нарасидааст. Вале дар айни замон чандин бинои нави маъмурии баландошёнаро сохтаву ба истифода доданд.

Чаро дар муноқишаи марзӣ бештар масҷидҳоро нишон гирифтанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст.

Дар Балҷувон ба зудӣ бензин истеҳсол мекунанд?

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Балҷувон пас аз солҳо истихроҷи нафтро дигарбора аз сар гирифтанд. Дар замони шӯравӣ аз ин минтақа ҳазорон тонна нафту газ истихроҷ мекарданд. Ҳоло конҳои нафти Балҷувон дар кадом вазъ қарор дорад?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *