Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2022

Новости за 16.10.2022

Зиндони Эвин дар Эрон оташ гирифтааст

Ozodi.org 

Шаби 15 ба 16-уми октябр дар зиндони Эвини Эрон, ки дар онҷо зиндониёни сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд, сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сӯхтор маълум нест. Расонаҳои давлатии Эрон хабар додаанд, ки вазъ зери назорат аст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дар ин зиндон садои тирпарронӣ ба гуш мерасад. Зиндони Эвинро бештар ба он мешиносанд, ки дар онҷо фаъолони ҷомеа, рӯзноманигорон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва сиёсатмадорони мухолиф нигаҳдорӣ мешаванд. Расонаҳои рӯ ба ҳукумати Эрон хабар доданд... Читать дальше...

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Арманистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон, ки дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван – ҷараён дорад, як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар дохил аст. Дар рӯзи аввали мусобиқот - 14-уми  октябр – панҷ гуштигири тоҷик - Зиёдуллои Сафаралӣ (-46 кг), Бобоҷон Қодиров (-53 кг), Умар Нозимов (-58 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) дар намуди самбои варзишӣ... Читать дальше...

Тарс аз талоқи шавҳар занеро дар Хатлон ба кӯдакдуздӣ водор кардааст

Ozodi.org 

Зани гумонбар ба дуздии як навзод аз таваллудхонае дар Хатлон гуфтааст, таҳдиди талоқ аз шавҳар ӯро маҷбур кард, ки ба чунин амал даст занад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як навор ҷузъиёти ҳодисаи кӯдакдуздӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро шарҳ дод. Ба иттилои мақомот, зани 43-солаи сокини ин ноҳия шаби 23 -юми сентябр аз тариқи тиреза вориди бинои таваллудхона шуда, тифли навзоди як сокини дигари ҳамин ноҳияро рабудааст. Мақомоот гуфтаанд, ки шавҳари муҳоҷири зан таҳдид карда будааст... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *