Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2023

Новости за 01.10.2023

Зеварбону Рауфӣ: Фарҳанг ва ҳунари эътирозу дигарандешӣ

Ozodi.org 

Имрӯз мехоҳам сари мавзӯъи бисёр муҳиме бо ҳам ҳарф бизанем. Аммо қабл аз оғози суҳбат иҷоза бидеҳ порчаи кутоҳе аз китоби “Инсони исёнгар”(l’homme révolté)-и нависандаи фаронсавӣ Албер Камюро бо ту дар миён бигзорам ва сипас ба сари асли матлаб равем.

Паймони миллӣ боздошти хешовандони тазоҳургаронро "ғайриқонунӣ ва ҷиноят" номид

Ozodi.org 

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф аз боздошти наздикони мухолифин дар дохили Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост, "афроди бегоҳро фавран озод кунанд." Мақомот ба хабарҳо дар ин бора вокуниш намекунанд. Аммо намояндагони мухолифин мегӯянд, давоми се рӯзи ахир мавҷи нави боздошти пайвандони онҳо дар дохили Тоҷикистон шуруъ шудааст. Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, 1-уми октябр дар изҳороте дастгир шудани хешовандони мухолифинро "ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ байналмиллалӣ" хонд. Читать дальше...

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, мақомот модарашро боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, мақомот модари пиронсоли ӯро боздошт карда бурданд ва дигар намедонанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Шарҳи расмии қазия то ин дам дастрас нест.

Як маргталаб худро дар назди Вазорати корҳои дохилии Туркия тарконд

Ozodi.org 

Як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара таркондааст. Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро "кӯшиши ҳамлаи террористӣ" номид.

Баҳсҳо бар сари қабули буҷаи нав дар Амрико

Ozodi.org 

Агар ҳамдигарфаҳмӣ нашавад, як ҳафта пас кори ҳукумати Амрико қатъ мегардад. Зиддиятҳо сари тарҳи буҷа дар Палатаи Намояндагон идома доранд. Он зери назорати ҷумҳурихоҳон аст, ки ҳатто дар дохили як ҳизб низ сари хароҷот ҳамфикрӣ надоранд.

Футболбозони тоҷик бо Криштиано Роналдо бозӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 30-юми сентябр аввалин тамрини худро дар шаҳри Риёз доир намуд. Ин даста 2-юми октябр бозии дувумро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мегузаронад.

Салом хоҳар. "Зан хизматкор нест"

Ozodi.org 

Нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Намунаҳои бонувони тавонову қавиирода дар байни онҳо кам нестанд. Аммо теъдоди онҳое ҳам зиёд аст, ки вақте дар зиндагӣ танҳо мемонанд, фикр мекунанд, зиндагӣ барояшон ба охир расид. Худро нотавон медонанд. Чаро?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *