Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2023

Новости за 18.10.2023

Сафири Фаластин дар Душанбе: Исроил болои Ғазза 6 ҳазор бомб партофтааст

Ozodi.org 

Луай Исса, сафири ҳукумати худгардони Фаластин зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ҳамлаҳои рӯзҳои ахири артиши Исроил ба навори Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ ва қатлу куштори мардуми осоиштаи фаластиниро маҳкум кард. Ҳукумати Исроил гуфтааст, мушакборони Ғазза посух ба ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба хоки ин кишвар аст.

Ҷузъиёти таркиш дар беморхонаи "Ал-Аҳлӣ"

Ozodi.org 

Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд. Ҳалокати садҳо нафар дар бемористон рӯзи 17-уми октябр вокунишҳоро ба миён овард.

Намоиши мусаввараҳои Сафаршо Меробшоев дар Душанбе

Ozodi.org 

Шоми 11-уми октябр сокинони шаҳр, алоқамандон ва ҳаводорони санъати тасвирӣ ба меҳмонхонаи “Серена” омада буданд. Намоиши мусавараҳои Сафаршо Меробшоев, зодаи Тоҷикистон, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад баргузор гардид.

Барканории даҳҳо корманди гумруки Қирғизистон

Ozodi.org 

Ҳудуди 50 корманди Хадамоти гумруки Қирғизистон барои робита бо соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев ва муовини пешини раиси хадамот Райимбек Матраимов, ки дар фасодкорӣ айбдор шуда буд, барканор гаштаанд.



“Қӯштеппа”-и Толибон ба Тоҷикистон таъсир дорад?

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Толибони Афғонистон аз марҳилаи аввали сохтмони канали Қӯштеппа хабар дод, ки мавриди нигаронии чанд кишвари Осиёи Марказӣ шуд. Чаро? Ба ин савол Барот Юсуфӣ дар сӯҳбат бо коршиносон посух ҷуст.

Вокуниши Ҳизби наҳзат ба таркиши бемористоне дар Ғазза

Ozodi.org 

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ таркишро дар як бемористони Ғазза маҳкум карда, онро хилофи "қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ" гуфтааст. Ин ҳизб, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, дар изҳороте аз 18-уми октябр гуфт, ҳеҷ нерӯе ҳақ надорад ба бемористон ва мактабҳо, ки макони паноҳ бурдани ғайринизомиён аст, ҳамла кунад. "Мо аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои муассир дар ин қазия дархост мекунем, ки барои таваққуфи ин ҷанг ва таваққуфи куштори мардуми бегуноҳ ҳарчи... Читать дальше...

Ҳайати Узбекистон дар роҳи Кобул. "Қӯштеппа"-и Толибон ба Тоҷикистон ҳам таъсир дорад?

Ozodi.org 

Ҳукумати Узбекистон барои гуфтугӯ дар робита ба наҳри "Қуштеппа", ки аз сӯи гуруҳи Толибон дар Афғонистон бунёд мешавад, ҳайатеро ба Кобул мефиристад. Сохтмони ин канал дар Афғонистон, дар Узбекистон ва Туркманистон нигарониеро аз камбуди эҳтимолии об дар минтақа ба миён овардааст.

Омодагии паҳлавонони тоҷик ба Abu Dhabi Grand Slam 2023

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2023, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Вазири дифои Эрон бо президенти Тоҷикистон дар Душанбе гуфтугӯ кард

Ozodi.org 

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифои Эрон дар Душанбе вохӯрдааст. Дафтари матбуотии президент навишт, ҷонибҳо равобити Душанбе ва Теҳронро дар бахши таъмини амният баррасӣ карданд.

Урдун нишаст бо ҳузури Байденро бекор кард

Ozodi.org 

Баъди таркиш дар бемористоне дар Ғазза, Урдун нишасти чорҷониба бо ҳузури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрикоро бекор кард. Ин нишаст қарор буд 18-уми октябр бо ҳузури роҳбарони Урдун, Амрико, Миср ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин баргузор шавад.

Тоҷикистон ба осебдидагони зилзилаи Ҳирот кӯмак фиристод

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.   Ба иттиллои ВКХ, корвони кӯмакҳо субҳи имрӯз, 18-уми октябр, аз назди Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, ба сокинони зарардида аз заминларзаи Афғонистон дастрас хоҳанд шуд.   Тибқи иттилои расмӣ, кӯмакҳо тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Ҳаҷми кӯмакҳо 3 ҳазор 300 тонна буда... Читать дальше...

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба кушта шудани садҳо нафар дар ҳамла ба як бемористон дар Ғазза

Ozodi.org 

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, ки беш аз панҷсад нафар дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза, ҷон бохтанд. Артиши Исроил гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро масъули ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза эълон кард. Ҳалокати садҳо нафар дар ин бемористони шаҳри Ғаззаи Фаластин дар рӯзи 17-уми октябр, вокунишҳои ҷаҳониро ба миён овард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *