Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2023

Новости за 04.10.2023

Ахбори Озодӣ аз 4-уми октябри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар нишасти САҲА дар Варшава нопадидшавии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон баҳс шуд, суҳбат бо ҳомии ҳуқуқ Стив Сведлов, ширкати доруфурӯшии духтари Президенти Тоҷикистон зери ҳимояи давлат будааст ва ҳамоиши сармоягузорон дар Душанбе.

Нигарони сафири ИМА аз таъқиби мухолифини ҳукумат дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дирӯз дар шаҳри Варшава нишасти солонаи вазъи ҳуқуқи башар оғоз шуд. Дар ин ҳамоиш аз фишор болои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бастани созмонҳои ҷамъиятӣ дар Бадахшон ва масоили дигар гуфтанд.

Духтари президенти Тоҷикистон хонигарии тиббӣ бунёд кард

Ozodi.org 

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ ошкор кард, ки духтари начандон маъруфи президенти Тоҷикистон империяи тиббиеро ба роҳ мондааст, ки аз сӯи давлат ҳимояту таблиғ мешавад. Шавҳари вай дар Туркия сафир аст ва ба пешбурди манфиатҳои тиҷории ҳамсараш кумак мерасонад.

Духтари нонамоёни президенти Тоҷикистон бо ёрии ҳукумат хонигарии тиббӣ бунёд кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Парвина Раҳмонова, духтари панҷуми президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан, ки ба ҷомеа таъсир надорад. Аммо қисман ба лутфи тендерҳои миллиондолларии давлатӣ ширкати фарматсевтие, ки вай соҳибаш аст, ба як нерӯи ҳоким дар бахши тандурустии кишвар табдил шудааст.



Дипломати амрикоӣ аз рафтори ҳукумати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард

Ozodi.org 

ИМА аз фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амиқан нигарон аст. Дар ин бора 3 октябр дар рӯзи аввали ҷаласаи Арзёбиҳои инсонии САҲА дар шаҳри Варшава сафири Амрико Майкл Козак изҳори назар кард.

Мухолифон хостанд, ҳукумати Тоҷикистон музокироти марзиро пинҳон накунад

Ozodi.org 

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз мақомот хост, ҷузъиёти музокираи марзӣ бо Қирғизистонро барои мардум шарҳ диҳанд. Ин созмон навиштааст, аз "идомаи гуфтушунидҳо ҷонибдорӣ менамояд", вале "қазия бояд одилона ва бо назардошти он ҳали ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад." Паймони миллӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, аз он нигаронӣ кардааст, ки гуфтугӯҳо барои муайян кардани хати марз пинҳон аз назари ҷомеа мегузарад. Читать дальше...

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико барканор шуд

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико 3-уми октябр дар як раъйгирии таърихӣ Кевин Маккартиро аз роҳбарии маҷлис барканор карданд. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, дар таърихи Амрико бори аввал аст, ки роҳбари ин шохаи қонунгузор ба раъйи вакилон барканор мешавад.

Заминларза пойтахти Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Соати 3:31-и субҳи 4-уми октябр заминларзае пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт,  маркази заминларза дар 7 километрии Душанбе ва дар ҳудуди ноҳия Рӯдакӣ буд.

Намоишгоҳи "Китоби Душанбе". Аз осори адибони тоҷик то нависандагони турку эрониву рус. ВИДЕО

Ozodi.org 

Намоишгоҳи ёздаҳуми байнулмилалии "Китоби Душанбе" рӯзи 3-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуруъ шуд ва то 5-уми октябр идома мекунад. 30 ношири дохилӣ ва намояндаҳои ҳафт кишвар, аз ҷумла, Эрон, Узбекистон, Турки, Ҳиндустон, Белорус, Туркманистон ва Русия ба инҷо омадаанд. Дар ин намоишгоҳ аз асарҳои адибони классику муосири тоҷик то нависандагони русу туркро пайдо кардан мумкин аст.

Се президенти пешини Қарабоғ боздошт шудааст

Ozodi.org 

Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба манобеи худ менависанд, се президенти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ - Араик Арутюнян, Аркадий Гукасян ва Бако Саакян боздошт шудаанд. Онҳоро дар Степанакерт боздошт ва баъдан ба Боку интиқол додаанд. Низомиҳои Озарбойҷон ҳамчунин раиси пешини порлумони ҷумҳурии эътирофнашуда Давид Ишханянро боздошт кардаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳоро "дар ҷиноятҳои зиёде" айбдор мекунанд, менависанд расонаҳои Озарбойҷон. Мақомоти Озарбойҷон дар бораи боздоштҳо расман хабар надодаанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *