Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2023

Новости за 22.11.2023

Зиндон ё боздоштгоҳ. Ба муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово" чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Афзоиши рейду боздоштҳо дар Русия шумори муҳоҷиронро дар марказ ва боздоштгоҳҳои муваққатии Русия зиёд ва шароитро бад кардааст. Пайвастан ба артиш аз аввалин даъватҳоест, ки дар ин боздоштгоҳҳо, махсусан Сахарово ба муҳоҷирон пешниҳод мешавад.

Китобхонаи миллии Узбекистон ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаштааст

Ozodi.org 

Барои фаъолияти шабонаи Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишери Навоӣ бештар аз 97 ҳазор доллари дигар ҷудо хоҳад шуд. Дар моҳи октябр ин китобхона фаъолияти шабонарӯзиашро қатъ карда буд. Китобхонаи миллии Узбекистон дар шаҳри Тошканд рӯзи 20 октябр фаъолияти шабонарӯзиашро қатъ карда буд. Ин тасмим барои сарфакории неруи барқ ва инчунин набуди кормандон барои басти шабона гирифта шуда буд. Айни замон китобхонаи мазкур аз соати 8 субҳ то 21 фаъол аст.

Кумак ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Коршинос: Ҳаҷми он ночиз аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Давоми ду соли оянда давлати Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳои иҷтимоиро барои хонаводаҳои камбизоат бештар мекунад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 15-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қарори ҳукумат қабул шуда, зиёдшавии мизони кумакҳо то соли 2025 идома хоҳад дошт.



Исроил ва "Ҳамос" бо оташбаси чоррӯза мувофиқат кардаанд

Ozodi.org 

Тибқи гузоришҳо, ҳукумати Исроил бо пешниҳоди оташбаси чоррӯза дар ивази мубодилаи 150 зиндонии фаластинӣ бо 50 гаравгон дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос", мувофиқат кардааст. Дафтари нахуствазири Исроил эълон кардааст, ки 50 гаравгони зан ва кӯдак, ки дар дасти "Ҳамос" ҳастанд, тайи чор рӯз озод хоҳанд шуд.

ПУРСИШ: Аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав чӣ интизориҳо доред? ВИДЕО

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо  сафари расмӣ ба Русия рафт. Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ дониста мешаванд ва Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва низ соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.

Аз оғози ҷанг дар Ғазза 50 рӯзноманигор кушта шудааст

Ozodi.org 

Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дастикам 50 хабарнигор кушта шудааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, 45 хабарнигори кушташуда фаластинӣ, чаҳор тан исроилӣ ва як нафар аз Лубнон ҳастанд. Се корманди расонаҳо бедарак ва 11 кас маҷрӯҳ шуда, 18 нафари дигар дар ҳабс ҳастанд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин рӯзноманигорон дар кадом расонаҳо кор мекарданд. Ба иттилои созмон, баъди оғози ҷанги Исроил зидди "Ҳамос" ҳамла ба рӯзноманигорон ва таҳдидҳо ба расонаҳо афзоиш ёфта, сензура пурзӯр шудааст. Читать дальше...

Саудӣ дар меҳмонӣ Урдунро шикаст дод

Ozodi.org 

Тими миллии Арабистони Саудӣ дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ мунтахаби Урдунро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Вакили пешини порлумони Қазоқистон 10 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Алмато вакили пешини порлумони Қазоқистон ва раҳбари ҳаракати мухолифи "El Tiregi" Нурҷон Алтаевро, ки дар фасодкорӣ гумонбар мешуд, 10 сол зиндонӣ кардааст. Ҳамчунин Алтаев якумр аз ҳаққи фаъолият дар мансабҳои давлатӣ маҳрум шудааст. Ӯ, ки қаблан иттиҳомро рад карда буд, парвандаашро сиёсӣ номидааст. "Ман мақомотро танқид мекардам ва бинобар ин, маро зиндонӣ карданд", - гуфт ӯ дар додгоҳ. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Алтаев 12 соли зиндон талаб карда буд. Парвандаи Алтаев... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *