Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2023

Новости за 25.11.2023

"Ҳамос" гуфт, даври дувуми озодии гаравгонҳо ба таъхир уфтод

Ozodi.org 

Иззуддини Қассом, ҷиноҳи ҳарбии гурӯҳи тундрави "Ҳамос", рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ба Навори Ғазза ёрии кофии башарӣ ворид нашудааст ва тасмим гирифт, ки даври дувуми раҳоии гаравгонҳоро ба таъхир андозад. Интизор мерафт, рӯзи шанбе чанд гаравгони исроилӣ бо зиндониёни фаластинӣ иваз шаванд.



Аксҳо аз Навори Ғазза: Рӯзи аввали оташбас

Ozodi.org 

Пас аз 49 рӯзи ҷанг байни Исроилу "Ҳамос" дар Ғазза 24 ноябр оташбас ё "танаффуси муваққатии башардӯстона" оғоз шуд. Ду тараф теъдоде аз гаравгонҳо ва зиндониёнро озод карданд. Шуморе аз гурезаҳои фаластинӣ ба хонаҳои худ баргаштанд, аммо чӣ диданд? Рӯзи аввали оташбасро дар Ғазза дар аксҳо бинед.

"Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам." Пирӯзии Фаррух Ҳасанов дар Русия

Ozodi.org 

Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия пирӯз шуд. Вай гуфт, дунболи орзуҳояш ба саҳнаи бузург дар Русия рафт ва нишон дод, ки тоҷикон фақат бинокор нестанд, балки ҳунарманд низ ҳастанд.

"Истиқлол" барои бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" ба Қатар рафт

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон барои бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо тими «Ал-Дуҳайл» субҳи шанбеи 25-уми ноябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Дубай-Доҳа ба Қатар сафар кард.

Ронандаи тоҷик дар Аврупо ҳам аз ошу манту бебаҳра намемонад

Ozodi.org 

Ронандаи тоҷик дар Аврупо ҳам аз ошу манту бебаҳра намемонад. Шумораи навбатии ҳафтаномаи "Рӯзгори муҳоҷир" ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷике бахшида шудааст, ки дар мамолики Аврупо ронандаи мошини боркаш ҳастанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *