Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2023

Новости за 28.11.2023

Писар "гунаҳкор", волидон – ҷавобгар?

Ozodi.org 

То куҷо падару модар ҷавобгӯйи рафтор ва амали фарзанди болиғи худ ҳастанд? Ё агар фарзанди нафаре дар Русия ё Аврупо даст ба амале зад, чаро дар дохил падару модар ё аъзои дигари хонаводаи ӯро дастгиру муҷозот мекунанд?

Модари тоҷик мехоҳад, ҳукумат ҷасади духтарашро ёбад

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтараш аст. Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигули 13 сола мегӯяд, ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар канал ё наҳри Варзоб, ки аз ҳудуди Душанбе мегузарад, ғарқ шудааст.

Мухолифони "Толибон" дар нишасти Душанбе чӣ гуфтанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз мухолифони ҳукумати "Толибон" нақшаи худро барои ислоҳи вазъ ва ҳалли мушкили мардуми Афғонистон баён доштанд. Суҳбатҳо дар ҷараён ва ҳошияи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе садо дод. Нишаст 28-уми ноябр ба поён расид.

Мухолифони "Толибон" дар нишасти Душанбе чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, барои озод кардани ин кишвар аз зери итоати “Толибон” пеш аз ҳама шикофҳои эҷодшударо дар ҷомеа бояд дарбеҳ кард. Ин нуктаро Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши равобити хориҷии Ҷабҳа, дар шаҳри Душанбе баён дошт. Идомаро дар видео бинед.



Решаи мушкили автобусҳо дар Хуҷанд чист?

Ozodi.org 

Сокинони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он шоданд, ки пас аз танаффуси қариб якмоҳа автобусҳо дар ин ҷо дубора ба ҳаракат даромаданд, аммо ронандагон ва идораи нақлиёт ҳарос доранд, ки агар Бонки аврупоӣ ёрӣ накунад, мумкин аст, ҳамаи тарафҳо аз нав бо мушкил рӯбарӯ шаванд. Решаи мушкил чист?

"Агар Бонки аврупоӣ ёрӣ накунад..." Решаи мушкили мусофирбарҳо чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он шоданд, ки пас аз танаффуси қариб якмоҳа автобусҳо дар ин ҷо дубора ба ҳаракат даромаданд, аммо ронандагон ва идораи нақлиёт ҳарос доранд, ки агар Бонки аврупоӣ кумак накунад, мумкин аст, ҳамаи тарафҳо аз нав бо мушкил рӯбарӯ шаванд. Решаи мушкил чист?

"Модару падар ва панҷ бародару хоҳарамро куштанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷанги охир байни "Ҳамос"* ва Исроил ба ёди бархеҳо ваҳшати чанд даҳсола пешро овард. Қатли ом дар урдугоҳҳои Сабр ва Шатилаи Лубнонро, ки бар асари он дар аввали даҳаи ҳаштоди милодӣ севуним ҳазор нафар кушта шуданд.

Як кумитаи порлумони Қирғизистон қонуни тағйири парчамро қабул кард

Ozodi.org 

Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон рӯзи 28-уми ноябр лоиҳаи қонунро дар бораи тағйири парчами давлатии он кишвар ба тасвиб расонд.

"Бархеро баста, таҷовуз кардаанд." Ёде аз ваҳшати чанд даҳа пеш

Ozodi.org 

Ҷанги охир байни "Ҳамос" ва Исроил ба ёди бархеҳо ваҳшати чанд даҳсола пешро овард. Қатли ом дар урдугоҳҳои Сабр ва Шатилаи Лубнонро, ки бар асари он дар аввали даҳаи ҳаштоди милодӣ севуним ҳазор нафар кушта шуданд.

Молики маҷмааи "Sun City"-и Бишкек боздошт шуд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Александр Сан, писари вакили собиқи порлумони он кишвар Борис Сан ва молики як қатор иншооти тиҷорӣ дар шаҳри Бишкек, аз ҷумла маҷмааи "Sun City" дастгир шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад аз Туркманистон гази моеъ бигирад

Ozodi.org 

Баъд аз манъи содироти газ аз Қазоқистон ва боло рафтани нархи он дар Тоҷикистон, мақомот дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ворид кардани ин навъи сӯзишворӣ шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, содироти газро аз Туркманистон ба роҳ монанд. Дар нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе ҳамин масъала баррасӣ шудааст.

Шикасти "Истиқлол" аз қаҳрамони Қатар дар Доҳа

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 аз тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Оғози бунёди хати нави роҳи оҳан байни Узбекистону Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар ҷануби Қазоқистон, дар вилояти Туркистон, сохтмони хати нави роҳи оҳани Дарбоз-Мактаарал бо дарозии 152 км оғоз шудааст. Сохтмони хати нав ҳамлу нақлро дар хати роҳи оҳани Сариағаш-Тошканд сабуктар мегардонад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба ҷуз ин хати нави роҳи оҳан ба рушди вилояти Туркистон кумак хоҳад кард. Барои сохтмони ин тарҳ 19,7 ҳазор тона релс харидорӣ хоҳад шуд. Борҳое, ки ба Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол дода мешаванд, баъд аз сохтмони хати нави роҳи оҳан зудтар хоҳанд расид.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *