Борону сел дар Афғонистон боис ба марги 33 кас шудааст
Бориши зиёди борон ва омадани сел дар се рӯзи охир дар Кобул ва гӯшаҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла Панҷшеру Ҳирот, боис ба вайронии садҳо хона ва марги дастикам 33 кас шудааст.
Бориши зиёди борон ва омадани сел дар се рӯзи охир дар Кобул ва гӯшаҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла Панҷшеру Ҳирот, боис ба вайронии садҳо хона ва марги дастикам 33 кас шудааст.
Як манбаи дипломатии Туркия рӯзи 14-уми апрел ба хабаргузории Reuters гуфтааст, Эрон пеш аз амалиёти тарҳрезишудааш алайҳи Исроил Анкараро огоҳ карда буд.
Мусоҳибае бо академик Абдулаҳмади Ҷовид дар рӯзҳои иди Наврӯз дар Лондон, дақиқтараш 27 марти соли 1997. Замоне ки ҳанӯз созишномаи сулҳи Тоҷикистон ба имзо нарасида ва як соли ҳокимияти аввали толибҳо ҳазорон нафар аз аҳли фарҳангу ҳунарро аз Афғонистон ба гирду гӯшаи ҷаҳон паноҳанда карда буд.
Аз ин ба баъд ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо худро "оппозитсия", вале мухолифон "ҷонибдори ҳукумат" медонанд, аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо хоҳад шуд. Вакилони порлумон тағйиротро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 11-уми апрел қабул карданд.
Аз ин ба баъд ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо худро "оппозитсия", аммо мухолифон "ҷонибдори ҳукумат" медонанд, аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо хоҳад шуд. Вакилони порлумон ин тағйиротро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 11-уми апрел қабул карданд. Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар инҷост
Фотима Султонӣ, донишҷӯйи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Исфаҳон ва аз ҷонибдорони ҷунбиши "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" дар Эрон, дастгир шуда, то ҳол дар куҷо буданаш маълум нест.
Мардуми зиёде дар Қазоқистону Русия ҷабри обхезиҳои зиёдеро мекашанд, ки аз саввумин рӯдхонаи дарози Аврупо сар зад. Рӯдхонаи Урал, ки аз соҳилҳояш берун шуд, қисме аз шаҳри Оренбурги Русиро зери об ва тақрибан 110 ҳазор нафарро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кард.
Сафири пешини Амрикоро дар Куба ба гуноҳи ҷосусӣ ба фоидаи ин кишвари коммунистӣ 15 сол зиндонӣ карданд.
Ҳамла ба “Crocus City Hall” дар наздикии Маскав ва пайомадҳои он бори дигар бепаноҳии тоҷикон ва беш аз пеш ноуҳдабароии ҳукумати кишварро ба намоиш гузошт.
Нахуствазири Ироқ рӯзи 13-уми апрел аз Бағдод ба Вашингтон рафтааст.
Ҳукумати Финландия тасмим гирифтааст, ки аз рӯзи 15-уми апрели имсол гузаргоҳҳои баҳриро дар сарҳад бо Русия бибандад. Дар ин бора Хадамоти федеролии гумруки Русия хабар дод.
Мақомоти вилояти Курган дар ҷануби Урали Русия аз сокинони ноҳияҳое, ки хавфи зери обу сел монданашон ҳаст, даъват кардаанд, ҳарчи зуд ба ҷойи амну бехатар бикӯчанд.
Эрон дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) сар дод ва нигарониҳоро дар мавриди авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна бештар кард. Исроил ва муттаҳидонаш гуфтанд, беш аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чандин мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд.
Як сокини Бишкек ҳамсари худро дар пеши чашми тифли хурдсолаш куштааст.
Эрон дар соатҳои аввали рӯзи 14 апрел аз ҳамла ба Исроил хабар дод. Сухангӯи артиши Исроил ҳам эълон кард, ки ҳамлаҳои паҳбодӣ аз Эрон ба тарафи Исроил оғоз шудааст.
Дар Қирғизистон парвандаи як мардеро таҳқиқ мекунанд, ҳамсарашро дар пеши чашми кӯдакаш бо зарби бештар аз 20 корд кушт. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қатлро аломати дигаре аз беэътиноӣ ба зулму ситам ба занон дар кишвар меноманд.