Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2024

Новости за 27.04.2024

Чаро нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҷойи баҳсу даъвост?

Ozodi.org 

Дар нимаи дуюми моҳи апрел ду ронанда ва як пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе барои муносибати дағал ҷазо гирифтанд. Як ронандаро барои дашном додани ҳамкораш даҳ шабонарӯз ҳабс карда, аз ҷойи кор пеш карданд. Ронанда ва пулчинаки дигарро ҷазои маъмурӣ доданд. Ин ду ҳодиса баҳсҳо дар бораи муошират дар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахтро дубора доғ кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пуриданд, сабаби баҳсу даъво дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чист?



Индонезия, Ҷопон, Ироқ ва Узбекистон ба нимфинали Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Индонезия, Ҷопон, Ироқ ва Узбекистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар пирӯз шуданд, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ пайдо карданд.

Хабари таҷовузи духтари ноболиғ дар як деҳаи Қазоқистон сабаби бетартибиҳо шуд

Ozodi.org 

Зиндагии амну ороми сокинони маҳаллаи Зағамбари вилояти Туркистони Қазоқистон баъди хабари таҷовузи як духтари мактабхон ноором шуд. Бо гумони дастдарозӣ ба духтари синфи 9 як ноболиғи дигар аз ҳамин маҳал боздошт шудааст. Дар пай шаби 24-уми апрел бетартибӣ сар зад.

Ҷоми футзали Осиё: Тоҷикистон бо Узбекистон барои медалҳои биринҷӣ бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 аз тими мизбон - Тайланд – аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:6 (замони асосӣ ва изофа 3:3) шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд.

Вазири Толибон мегӯяд, Тоҷикистон «ДОИШ»-ӣ мепарварад

Ozodi.org 

Яке аз раҳбарони Толибон иддао кардааст, ки ҳадди аққал се кишвари ҳамсояи Афғонистон заминаро барои фаъолияти ДОИШ дар минтақа фароҳам кардаанд. Ба қавли таҳлилгарон, манзури Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон зоҳиран Покистону Эрон ва Тоҷикистон аст.

"Мехоҳам, вазири гурҷӣ аз ман узр хоҳад!" (Рӯзгори муҳоҷир #20)

Ozodi.org 

Як идда муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҳаққи вуруд ба Гурҷистон маҳрум шудаанд, аз муомилаи бади мақомдорони гурҷӣ шикоят доранд. Ба қавли онҳо вазъият баъди ҳамлаи маргбори толори "Крокуси сити ҳол"-и канори Маскав муносибат бо муҳоҷирони тоҷик бад шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *