Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2024

Новости за 23.04.2024

"Норак"-ро ба вазири бритониёӣ нишон доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш ба нерӯгоҳи барқи обии "Норак" блогеронро бурда, нишон дода буданд, ки сатҳи об поин шудааст ва сабаби камбуди нерӯи барқ маҳз ҳамин аст. Рӯзи 22-юми апрел ба онҷо вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Кэмеронро бурданд. Барои чӣ? Дар навор бинед.

Тоҷикони Қазоқистон ба ёрии осебдидагон шитофтаанд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон, ки мардуми зиёде дар он ба сабаби обхезӣ бехонаву саргардон шудаанд, гуруҳе аз тоҷикони муқими инҷову муҳоҷирон ба кумаки мардуми осебдида мешитобанд. Ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ нишон доданд, ки аз чӣ роҳе ба мардуми муҳтоҷи дастгирӣ дар ин рӯзҳои сахт дасти ёрӣ дароз кардаанд.



Дастаи олимпии Тоҷикистон ба чорякфинал роҳ наёфт. Сармураббӣ истеъфо дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) бо вуҷуди он ки дар бозии сеюмаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар тими Тайландро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, натавонист ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунад. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо додааст.

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" пул хост

Ozodi.org 

Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ расман дархост кардааст, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” маблағгузорӣ кунад. Ин нукта зимни вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон садо додааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *