Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 03.01.2023

Манъи фонограмма дар маъракаҳои расмии Қирғизистон 

Ozodi.org 

Аз соли 2023 дар Қирғизистон овозхониро бо фонограмма дар чорабиниҳои давлатӣ ва оммавӣ манъ карданд. Дар ин бора вазири фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Олтинбек Максутов фармон имзо кард.

Марги мармузи Абдуқаҳҳор Розиқов "дар ШКД"

Ozodi.org 

Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Розиқовро "истифодаи зиёди амфетамин" номид.

Таҷаммӯи даҳҳо нафар дар Кӯлоб

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини Кӯлоб, ки иддао доранд, яке аз наздиконашон дар идораи пулиси минтақа даргузаштааст, рӯзи 3-юми январ ба нишони эътироз аз бурдани ҷасади ӯ аз сардхона (МОРГ) худдорӣ карданд. Навор аз корбарон

Барои ҳимоят аз пизишкони боздоштшуда пул ҷамъ мекунанд

Ozodi.org 

Эътилофи мустақили кормандони соҳаи тиб дар Қирғизистон аз оғози маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумаки пизишкони боздоштшуда хабар дод. Дар ин бора Бермет Бариктабасова, раиси ин эътилоф иттилоъ дод.



"На хӯрок доданд, на..." Шикояти мусофирони ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Масъулон гуфтанд, баъзе аз ҳавопаймоҳо дар Кӯлоб нишаста, баъд аз беҳтар шудани фазо, дубора ба Душанбе омаданд. Мусофирон мегӯянд, соатҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб монданд ва аз сатҳи хадамоти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шикоят карданд.

Варзиши тоҷик дар соли 2022 чӣ бурд ва чӣ бохт дошт?

Ozodi.org 

Соли 2022 варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва  байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Вале онҳо натавонистанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст биёранд.

Пулиси Қирғизистон боздошти 5 табиб дар Бишкекро шарҳ дод

Ozodi.org 

Хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2-юми январ боздошти табибони Маркази ҳифзи модару кӯдак ва беморхонаи кӯдаконаи шаҳрро шарҳ дод. Манбаъ боздошти табибонро ба марги як тифл рабт додааст. Ин тифл, ки аз дарди меъда ранҷ мебурд, рӯзи 13-уми декабр ба яке аз бемористонҳои Бишкек бурда шудааст. Ӯро худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии бемористони дигар интиқол додаанд ва дар онҷо ҷон додааст. Пулис сабабҳои марги тифлро тафтиш ва панҷ табиби Маркази... Читать дальше...

Қазоқистон баъди эътирози сокинони Зайсан содироти газ ба Чинро қатъ кард

Ozodi.org 

Фаъолони маданӣ бо истинод ба мақомоти ноҳияи Зайсани Қазоқистон хабар доданд, ки содироти гази табиӣ аз Сарибулоқи вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба Чин аз 1-уми январи имсол қатъ карда шудааст. "Ҳукумати ноҳия қаблан гуфта буд, ки муҳлати санади имзошуда охири сол ба поён мерасад ва фурӯши газ ба Чин қатъ мешавад. Бинобар ин, мо ба ширкати "Тарбағатайи Мунай" рафтем. Онҳо талаби моро қабул карданд”, - гуфт Асхат Смагулов, сокини ноҳияи Зайсан. Муҳандиси ширкати "Тарбағатайи Мунай" Серик Жолимбетов мегӯяд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *