Боздошти табибе дар Тоҷикистон, ки иддао дошт, "Худоро дидааст"
Як табибро дар Тоҷикистон, ки қаблан иддао карда буд, "дӯсти Худо асту ӯро дидааст", дастгир карданд.
Як табибро дар Тоҷикистон, ки қаблан иддао карда буд, "дӯсти Худо асту ӯро дидааст", дастгир карданд.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд.
Боридани барфи зиёд ва сардии ду рӯзи ахир ҳаракати нақлиёту гаштугузори сокинонро тақрибан дар кулли Тоҷикистон мушкил кардааст. Ҳаракат бахусус дар роҳҳои куҳӣ хатарнок шудааст.
Вакилони парлумони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ" тағйирот ворид намуданд ва мӯҳлати амалишавии онро тамдид карданд. Ин қонун, ки аз соли 2008 қабул шудааст, иҷрояш камаш чаҳор дафъа ба таъхир гузошта шуд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир буҷаи соҳаи тандурустӣ 2,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки 90 дар сади он барои музди меҳнати кормандон харҷ мешавад.
Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 аз қатъи интернет беш аз 2 миллион доллар зиён дидааст. Бар пояи маълумоти портали TОП10VPN.com соли гузашта дар Тоҷикистон дидаву дониста 39 шабонарӯз ва ё 936 соат дастрасӣ ба интернет қатъ шудааст. Аз ин кор 78 ҳазор сокини кишвар зарар дидаанд. Ба ҳамин тартиб, дар шохиси портали мазкур Тоҷикистон аз назари қатъ кардани интернет ва зиёни расида ба иқтисод дар миёни 23 кишвар дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст. Маъмулан, дар пайи нооромиҳо дар Тоҷикистон интернет дастнорас мешавад. Читать дальше...
Рӯзи 9-уми январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокимаи Сайфулло Соипов, муҳоҷири узбек, ки дар куштори ҳашт нафар муттаҳам аст, шурӯъ шуд.
Рӯзи 10-уми январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуд. Дар мулоқот муовини аввали президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва роҳбари ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо Владимир Барта ҳамкории ду ниҳоди варзиширо баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки имсол дар Тоҷикистон бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ — Гран-прии ҷудо баргузор мегардад, ки дар он ҳудуди 300 варзишгари зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Читать дальше...
Ҳангоми бархӯрди як мошини сабукрав ба мошини бензинкашӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд як зан ҳалок шуда, панҷ мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса нисфирӯзии 10-уми январ рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, роҳе, ки дар он садама шудааст, пас аз барфи зиёд баста шуд. Аз Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 11-уми январ гуфтанд, ки панҷ мусофири маҷрӯҳ дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, садама дар километри 53-уми роҳи Душанбе ... Читать дальше...
Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми январ аз мақомаш барканор шудааст. Хабари барканории раиси ноҳияи марказии пойтахти Тоҷикистон расман нашр нашудааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро "бо сабаби ба синни нафақа расидан" аз мақомаш барканор кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Шариф Самӣ 65-сола шудааст. Далели дигари барканории ӯ аз мақомаш ҳанӯз дастрас нашудааст. "Шариф Самӣ аз саҳар дар кор нест. Пас аз нисфирӯзӣ муаррифии раиси нав мешавад,"--гуфтанд... Читать дальше...
Ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро тамдид карданд. Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон мегӯяд, ки қарордоди ворид кардани барқ миёни ширкати "Брешно" ва "Барқи тоҷик" барои соли 2023 тамдид шуд. Ин ниҳод дар "Твиттер"-и худ хабар додааст, ки ин созишномаро Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Мулло Муҳаммадҳаниф "Ҳамза", масъули ширкати "Брешно" имзо кардаанд. Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои ин созишнома Мулло Абдулатиф Мансур... Читать дальше...
Пардохти ҳаққи ташхиси ҳатмии бемориҳои сироятӣ дар Москва барои қирғизистониҳо бекор шуд. Дар ин бора Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод. Қабули ин қарор дар пайи "муроҷиати батакрори ҷониби Қирғизистон, инчунин фаъолияти муштараки вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва сафорат бо ҷониби Русия " ҳосил шудааст. Пештар муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон дар Русия борҳо шикоят карданд, ки гузаштан аз ташхиси ҳатмии тиббӣ барояшон душворҳои зиёде ба бор меорад. Ташхиси ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандони... Читать дальше...
Қазоқистон тасмим дорад, аз созишнома бо Русия дар бораи таъмини табодули муштараки асъор ва устуворсозии қурби рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ, хориҷ шавад. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ин созишнома муассир будани худро аз даст додааст ва қонунҳои наве қабул шудаанд, ки "масъалаҳои созишномаи мазкурро танзим мекунанд". Созишномаи мазкур, ки дар ибтидои истиқлоли Қазоқистон имзо шуда буд, таъмини устувории табодули асъори ду кишвар, аз ҷумла табодули онҳоро бо асъори кишварҳои дигар дар назар дошт.
Рӯзи душанбеи 9-уми январ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии Перу 17 кас кушта, 68 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора мақомоти тандурустии он кишвар хабар доданд. Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Перу дар моҳи декабри соли 2022 баъди эъломи раъйи беэътимодӣ нисбати президенти пешин Педро Кастило шуруъ шуданд. Рӯзи душанбе пурқурбонитарин рӯз аз оғози ин эътирозҳо гардид. 9 январ ҳамчунин 28 корманди пулис маҷруҳ шудаанд. Дар маҷмуъ аз оғози эътирозҳо дар он кишвар 39 кас кушта шудаанд. Ширкатдорони... Читать дальше...