"Раҳ ба раҳ мардум меафтанд. Мезанад, дасту пояш мешиканад" ВИДЕО
Сармои сахти 3 рӯзи ахир нигаронии сокинонро аз вазъи нигаҳдории роҳҳову низоми гармидиҳии манзилҳояшон бештар кардааст. Агар рӯзи аввали бориши барф ҳаракати нақлиёт ба мушкил рӯ ба рӯ шуд, ҳоло ҳаракати сокинон дар роҳҳои яхбастаи пойтахт хатарзо шудааст. Ҳамза Шарипов, сокини Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки рӯзи 13-уми январ дар маҳаллаи 102-юми пойтахт бо эҳтиёт гаштугузор мекард, то наафтад. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин чанд рӯз чандин бор шоҳиди афтодани сокинон дар роҳҳои яхбаста шудааст... Читать дальше...