Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 29.01.2023

Гуфтугӯ бо Нурулло Абдуллоев. Бахши дуюм

Ozodi.org 

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои баёдмонданӣ ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” нест. Ба андешаи ӯ, ин қонун “бадбахтӣ ва қашшоқӣ” меорад. Ҳунарманди маъруф, ки чанде пеш бемор буд, шифо ёфтааст ва розӣ шуд, ки дар як суҳбати видеоӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух диҳад.

Гуфтугӯ бо Нурулло Абдуллоев. Бахши аввал

Ozodi.org 

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои баёдмонданӣ ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” нест. Ба андешаи ӯ, ин қонун “бадбахтӣ ва қашшоқӣ” меорад. Ҳунарманди маъруф, ки чанде пеш бемор буд, шифо ёфтааст ва розӣ шуд, ки дар як суҳбати видеоӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух диҳад.

Нурулло Абдуллоев: Театр аз сиёсат ҳамчун дин аз давлат ҷудо бошад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои баёдмонданӣ ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” нест.

Муассиси "Гвардияи миллӣ" дар Кӯлоб даргузашт

Ozodi.org 

Иброҳим Исмоилов, муассиси "Гвардияи миллӣ" дар вилояти собиқи Кӯлоб, дар синни 86-солагӣ даргузашт. "Гвардияи миллӣ", як воҳиди низомӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ бо қарори Қурбон Мирзоалиев, раиси вилояти собиқи Кӯлоб таъсис ёфт. Баъдан, дар заминаи он "Фронти халқӣ", як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайдо шуд. Эраҷ Иброҳимов, набераи Иброҳим Исмоилов рӯзи 29-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бобояш аз бемории қанд ранҷ мекашид. Ба гуфтаи ӯ, ин субҳ фишораш якбора боло шуд ва дигар ба худ наомада, даргузашт. Читать дальше...

Толибон духтаронро аз донишҷӯ шудан маҳрум карданднд

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Толибон дари Донишгоҳҳои хусусиро барои заноне, ки ба имтиҳонсупорӣ мерафтанд, бастааст. Дар номаи Толибон ба донишгоҳҳои хусусӣ гуфта шудааст, ки агар занонро ба имтиҳонсупорӣ роҳ диҳанд, дар додгоҳ посух хоҳанд дод. Дар Афғонистон 40 донишгоҳи давлатӣ ва 150 донишгоҳи хусусӣ амал мекунад. Имтиҳони қабул барои донишҷӯ шудан дар донишгоҳҳои Афғонистон охири моҳи феврал бояд баргузор шавад. Пештар, дар моҳи декабри соли 2022 Толибон вуруди донишҷӯдухтарон ба донишгоҳҳоро манъ карда буданд. Читать дальше...

Президент узр пурсид. Чӣ тавр марди африқоиасл аз дасти пулис дар ИМА кушта шуд?

Ozodi.org 

Пас аз нашри наворҳои лаҳзаи боздошти Тайра Николс, дар шаҳри Мемфисе ИМА аз ҷониби пулис ҳазорон нафар даст ба эътироз заданд. Ин амрикоии африқоиасл рӯзи 7-уми январ ҳангоми боздошти пулис ба ҳалокат расид. Кормандони пулис ӯро дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам мекарданд, вале ҳоло тафтишот гуфтааст, ки Тайра Николс ҳеч қоидаеро нақз накарда буд. Панҷ корманди пулис бо гумони даст доштан дар қатли ӯ боздошт шудаанд. Ҷо Байден, президенти ИМА аз хонаводаи Тайра Николс узр пурсид. Дар наворе... Читать дальше...

Усули кӯҳна ё суннати паёмбар. Баҳси ҳиҷома дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳиҷома ё бо усули қадимӣ хун гирифтан аз бадани сокинон дар Тоҷикистон маъмул шудааст. Бархе онро зиёновар ба сиҳатии сокинон, вале гурӯҳи дигар ҳиҷомаро барои раҳо шудан аз дардҳо фоидаовар медонанд.

Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба корхонаи ҳарбии Исфаҳон

Ozodi.org 

Ба як корхонаи низомӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон шаби шанбе ба якшанбе бо ҳавопаймои бесарнишин ҳамла сурат гирифтааст. Вазорати дифои Эрон хабар дод, ки системаи дифои ҳавоӣ ин бесарнишинро безарар кард ва зиёне ба корхона нарасидааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки бесарнишин аз куҷо вориди кишвар шудааст. Расонаҳои Эрон шаби гузашта аз таркиш ва сӯхтор дар чанд корхонаи истеҳсоли нафти Теҳрон ва Табрез низ хабар доданд. Моҳи июл мақомоти Эрон як гурӯҳ аз курдҳоро бо иттиҳоми... Читать дальше...

Заминларзаи харобиовар дар Эрон ҳазорон нафарро бехона кард

Ozodi.org 

Дар заминларзаи шоми  28 январ дар шаҳристони Хуйи Озарбойҷони Ғарбии Эрон чанд деҳа хароб шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд. Эҳтимол шумораи захмиён ва ҳалокшудагон бештар бошад. Заминларза баробар ба 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ба зарардидагон кумак мерасонанд. Ҳазорон нафар дар пайи хароб шудани манзилҳои зисташон бе хона мондаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *