Гурӯҳи нахустини хориҷиён аз Ғазза вориди Миср шудаанд
Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони хориҷӣ ва теъдоде аз шахсони шадидан захмӣ рӯзи 1-уми ноябр аз Навори Ғазза вориди Миср шуданд.
Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони хориҷӣ ва теъдоде аз шахсони шадидан захмӣ рӯзи 1-уми ноябр аз Навори Ғазза вориди Миср шуданд.
Дар пайи боло рафтани арзиши сӯзишворӣ тақрибан як ҳафта боз ҳаракати мусофирбарҳо (автобусҳо) дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бас шудааст. Мақомоти Хуҷанд намегӯянд, ки вазъ то кай идома хоҳад кард. Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки ин ҳолат ба кору таҳсилашон таъсир расондааст.
Мақомоти Амрико се шаҳрванди Русияро, ки яке аз онҳо ҳамзамон табааи Тоҷикистон аст, ба гумони риоя накардани таҳримҳои зидди Маскав боздошт намудаанд.
Барканории додситони минтақаи Кӯлоб; ҷавоне, ки навори азияти бибиву бародарашРО аснои даъват ба артиш нашр кард, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст; ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Покистон; кумакхоҳии зани узбеки боздоштшуда дар Русия ва камбуди автобуси муофирбар дар Хуҷанд.
Сар аз 1-уми ноябр дар Покистон маъракаи ихроҷи муҳоҷирони бесанади афғонистонӣ оғоз ёфт.
Зани муҳоҷир илтиҷо дорад, ки дар ихроҷ аз Русия ба ӯ ёрӣ расонанд.
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз шеваи ба артиш бурдани бародар ва латукӯби бибияш шикоят дошт, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст. Навори эътирози Шаҳбози Шарифбек рӯзи 15-уми октябри имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард.
Сокинони Хуҷанд мунтазири бозгашти автобусҳои мусофирбар будаанд. Зоҳаран, болоравии нархи маводи сӯхт яке аз сабабҳои асосии коҳиши автобусҳои мусофирбар дар кӯчаҳои Хуҷанд аст.
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз шеваи ба артиш бурдани бародар ва латукӯби бибияш шикоят дошт, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст.
Се узбекистоние, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар майдони "Амир Темур"-и шаҳри Тошканд боздошт гашта буданд, 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тими «Равшан»-и Кӯлобро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1) шикаст дод, бори даҳум Ҷоми миллиро соҳиб шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон амри тахриби як маҳаллаи навбунёдро дар Кӯлоб содир карда, таҳқиқи аъмоли чанд мансабдори маҳаллиро дар пайванд ба тақсим ва истифодаи ғайриқонунии замин оғоз намудааст.
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар ба далели афзоиши шумори мубталоён ба бемории сурхак печидатар мешавад. Ба ҳисоби вазорат, аз аввали сол то ҳол дар Қирғизистон 3289 ҳазор одам ба "сурхак" мубтало шудааст, ки бештари онҳо кудакони то 4-сола ҳастанд. Ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Бишкек (989) ва Ӯш (321), вилоятҳои Ӯш (683), Чуй (515) ва Ҷалолобод (501) ошкор шудааст. Вазорат афзуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ 95 дарсади сокинон бояд эм шаванд. Читать дальше...
Додгоҳи олии Тотористон 31-уми октябр қарорро дар бораи то 5-уми декабри имсол дар ҳабс мондани хабарнигори бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ Алсу Курмашева бетағйир гузошт.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, тасмим дорад, барои кумак ба сокинони Навори Ғазза 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо кунад.
Боливия робитаҳои дипломатиро бо Исроил бас кард ва далелашро ҳамлаҳои Телавив ба Навори Ғазза номид.
Бо наздик шудани муҳлате, ки ҳукумати Покистон ба паноҳҷӯёни беҳуҷҷати афғон барои тарки Покистон додааст, даҳҳо ҳазор тани дигар аз муҳоҷирони афғон рӯзи сешанбе ба сӯи марзи ин кишвар бо Афғонистон рафтанд.
Фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаев, ки дар шаҳри Бишкек боздошт шудааст, гуфт, ӯро шиканҷа кардаанд. Дар ин бора вай рӯзи 31 октябр дар нахустин ҷаласаи додгоҳӣ дар додгоҳи шаҳри Бишкек хабар дод. "Муҳтарам судя, маро дар боздоштгоҳ шиканҷа карданд. Маро маҷбур доранд, ки аз муҳокимаи додгоҳӣ даст кашам", - гуфт вай. Ба ин фаъоли чеченистонӣ имкон надоданд, ки то охир суҳбат кунад. Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Мансур Мовлаевро ба 6 моҳи зиндон маҳкум кард... Читать дальше...
Созмони Шарикии байналхалқӣ дар умури ҳуқуқи инсон аз президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват кард, ки дар сафараш ба Қазоқистону Узбекистон масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунад. Созмон мегӯяд, масоили мазкур асосан аз беҷазо мондани онҳое, ки ҳуқуқи инсонро дар ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон ва дар моҳи июли соли 2022 дар Қарақалпоқистони Узбекистон поймол карданд; таъқиби фаъолон, рӯзноманигорон, блогерон дар ин ду кишвар иборат аст. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса рӯзҳои... Читать дальше...
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки ба далели қатъи комили барқу хадамоти алоқа дар навори Ғазза тамосро бо кормандонаш аз даст додааст. "Мо ба ҳамаи ҷонибҳои даргир ёдрас мекунем, ки барои ҳифзи сокинони осоишта ва зерсохторҳои шаҳрвандӣ бояд чораҷӯӣ кунанд. Пеш аз ҳама барои ҳифзи кормандони тиббӣ, беморон, муассисаҳои пизишкӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ, инчунин дигар сокинони осоишта, ки дар муассисаҳои мазкур паноҳ бурдаанд", - омадааст дар хабарномаи СҶТ. Созмони мазкур мегӯяд, беморхонаҳо... Читать дальше...
Ҳукумати “Толибон” чанд соли дигар “умр” хоҳад ди? Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар оянда чӣ интизор аст? Чаро ҷангҷӯён дар Бадахшони Афғонистон “лона” мондаанд? Ба ин ва суолҳои дигар Аҳмад Бориз, масъули Маркази мутолеоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Бритониё, посух дод.
Ҳукумати “Толибон” чанд соли дигар “умр” хоҳад дид? Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар оянда чӣ интизор аст? Чаро ҷангҷӯён дар Бадахшони Афғонистон “лона” мондаанд?
Як гурӯҳ аз норозиён ба ҷаласаи Конгресс дар бораи ёрии низомии Амрико ба Исроил халал расонданд.