Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 02.11.2023

Президенти Фаронса вориди Самарқанд шуд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 2 ноябр бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дар Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбекистон гуфтанд, Мирзиёев ва Макрон масоили марбут ба густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдо, иқтисод, навоварӣ, сармоягузорӣ ва фарҳанг баррасӣ мекунанд. Ҳар ду президент ҳамчунин дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва ниҳодҳои молии Узбекистону Фаронса иштирок хоҳанд кард. Читать дальше...



Хабари "бомбгузорӣ" шудани биноҳо дар Бишкекро гуруҳи фаромиллӣ фиристодааст

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 2 ноябр хабар дод, ки дар робита ба паҳн кардани хабари дуруғи бомбгузорӣ шудани як қатор биноҳо дар шаҳри Бишкек як нафар боздошт шудааст. Дар иттилоияи кумита гуфта шудааст, ки шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон "узви фаъоли як гурӯҳи пинҳонии фаромиллии киберӣ аст ва ба ҳайати ин гуруҳ шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил ҳастанд. Манбаъ афзуда, ки "гурӯҳи киберӣ ба ҳакерӣ ва дуздии маълумоти шахсии корбарони интернет, фиристодани хабарҳои дуруғ машғул буда... Читать дальше...

Байден мегӯяд, дар ҷанги Ғазза ниёз ба "таваққуфи башардӯстона" аст

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки дар ҷанг байни Исроил ва "Ҳамос" бояд "таваққуфи башардӯстона" сурат бигирад, то кӯмакҳои инсонӣ ба ниёзмандон бирасад ва гаравгонҳову зиндониён раҳо шаванд.

Фаъолони қирғиз муҷозоти як марди дузанаро талаб доранд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон баҳси бисёрҳамсарӣ дубора гарм шудааст. Навори таҷлили маъракаи хурсандии як хонаводаи иборат аз як марду ду ҳамсар боиси ин баҳсҳо шудааст. Наворро ровии маърака Кубанич Баркалбасов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Дар маърака мард бо ду ҳамсараш 60-солагиашро таҷлил мекунад ва ровӣ барои ҳама "чунин бахтро таманно мекунад". Баъди нашри навор онро корбарон ба ҳамдигар ирсол кардан ва дар саҳифаҳои зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуд. Зери ҳар бознашр баҳсҳо сар заданд, ки оё бисёрҳамсарӣ дар Қирғизистон иҷозат аст ё не. Читать дальше...

Узбекистон ва "Газпром" дар бахши энержӣ ҳамкорӣ мекунанд

Ozodi.org 

Ширкати русиягии "Газпром" бо ҳукумати Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар бахши энержӣ имзо карданд. Дар ин бора вазорати энержии Узбекистон рӯзи 1 ноябр хабар дод. Ин санад рушди ҳамкориҳо дар бахши воридоти энержӣ ва интиқоли газ, инчунин иктишофи геологӣ ва истихроҷи гидрокарбонҳоро дар назар дорад. Ба ҷуз ин, ҷонибҳо масъалаи ворид кардани гази Русияро ба Узбекистон тавассути ҳудуди Қазоқистон баррасӣ кардаанд. Миёнаҳои моҳи июни соли ҷорӣ Тошканд бо "Газпром" оид ба воридоти гази Русия ба Узбекистон шартнома имзо карда буд. Читать дальше...

Дар Остона саммити сарони кишварҳои туркзабон доир мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзҳои 2-3 ноябр саммити навбатии кишварҳои узви Созмони давлатҳои туркзабон доир мешавад. Муродбек Азимбоқиев, як масъули дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфт, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ин саммит иштирок мекунад. "Мавзуи ин саммит TURKTIME (Traditions-анъана, Unification — иттиҳод, Reforms — ислоҳот, Knowledge — дониш, Trust — эътимод, Investments — сармоя ва Mutual Energy - энержии мутақобил аст", - гуфт Муродбек Азимбоқиев. Дар доираи ин саммит имзои чанд санад дар назар аст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *