Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 26.11.2023

Дар Қирғизистон чанд навзодро аз партовгоҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Пешниҳоди гузоштани Бэби - бокс ё қуттиҳои махсус барои атфоле, ки беникоҳ ба дунё омадаанд, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳбсбарангез шуд. Дар ду ҳафтаи ахир дар ин кишвар 3 навзоди партофташударо пайдо кардаанд. Ду тифлро аз партовгоҳ ва якеро аз хиёбон.

Додситонӣ алайҳи даҳҳо мансабдор парванда боз кардааст.

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар робита ба истифодаи замин ғайриқонунӣ эълон карда, 3696 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додаанд.

Аз вазъи таълими хатти форсӣ дар мактабҳо то баҳси тағйири хат. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон бо ин хат пурра хондаву навишта метавонанд. Дар кишвар хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд рӯшанфикрони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлол ҷонибдори гузариш ба хатти форсӣ ҳастанд.

Таъмини амният ё даромад? Нигарониҳо аз арзиши сабти IMEI. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

"Ҳамос" 17 гаравгонро раҳо кард

Ozodi.org 

Мақомоти Қатар хабар доданд, ки гуруҳи “Ҳамос” 13 гаравгони исроилӣ ва чаҳор шаҳрванди Тайландро ба Кумитаи Салиби Сурх супорид.

Гапи Озод. Писар гуноҳ кард, падар ҷавобгар?

Ozodi.org 

Даҳҳо падару модар шикоят мекунанд, ки барои нарафтани писаронашон ба артиш зери фишор қарор доранд. Оё падару модар ҷавобгӯи амали фарзанди болиғи худ ҳастанд? Меҳмонони барнома Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта аз Тоҷикистон ва Вайсиддин Одинаев ҳомии ҳуқуқи инсон дар Аврупо.

"Гапи Озод": Писар "гунаҳкор", волидон – ҷавобгар? ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Хатлон иддаои падареро таҳқиқ дорад, ки мегӯяд, мақомоти интизомӣ бо фишор ва латукӯб ба ӯ амр додаанд, писарашро барои фиристодан ба артиш аз Русия ҳозир кунад. Ҳодиса дар аввали моҳи ноябри имсол дар ноҳияи Муъминобод рух дод ва мавриди нахустин ҳам нест.

Хати форсиро дар мактабҳо дуруст меомӯзанд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон, имкони ёд гирифтани хати ниёгонро доранд. Дар Тоҷикистон ҳамчунон хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд рӯшанфикрони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлол ҷонибдори гузариш ба хатти форсӣ ҳастанд.

Сабти IMEI- и телефонҳо ва сардаргумиҳои он

Ozodi.org 

Сабти рамзи IMEI телефонҳои сокинон дар Тоҷикистон акнун пулакӣ шудааст ва ин иқдом нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст. Мардумро бештар пардохтҳои гумрукие нороҳат намудааст, ки бояд пардохт кунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *