Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Новости за 14.11.2023

Вазири қирғиз гуфт, муҳоҷирони баргашта бо ҷои кор таъмин мешаванд

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев 14 ноябр дар як ҳамоиш гуфт, дар ҳоли ҳозир дар он кишвар 60 ҳазор ҷойи холии корӣ мавҷуд аст ва шаҳрвандоне, ки аз хориҷ бармегарданд, метавонанд дар ватан ҷойи кор пайдо кунанд.

Ҳукумати Узбекистонро барои кумак ба сарояндаҳо танқид карданд

Ozodi.org 

Ҳукумати Узбекистон 7 ноябр лоиҳаи қарореро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки пардохти кумакпулӣ ба намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҷавонони эҷодкорро ҳангоми хариди манзил ё сохтмони хона пешбинӣ мекунад.

Додгоҳи Русия ба парвандаи "оташ задан"-и вагони муҳоҷирон нуқта гузошт

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Иркутски Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки моҳи ноябри соли 2021 вагонашон оташ гирифта буд, ба ду солу нӯҳ моҳ маҳкум ба зиндон кард, вале бо сабаби ду сол дар боздошт будан онҳоро аз толори додгоҳ раҳо намуданд.



Дар Бишкек фоҳишахонаеро ошкор карданд, ки танҳо ба хориҷиҳо "хидмат" мерасонд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, фаъолияти фоҳишахонаеро ошкор кардааст, ки танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ "хидмат" мерасонд. Ба иттилои манбаъ, як гуруҳи ҷиноӣ толори арӯсиеро расман сабтином ва дар таҳхонаи он фоҳишахона ташкил кардаанд. Аъзои гуруҳ механизми ҷалби духтарони ҷавон ба ҳайси пешхидматро роҳандозӣ карда, баъдан онҳоро бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо таҳдид ва вобастагии молӣ ба танфурӯшӣ ҷалб менамудаанд. Ин фоҳишахона танҳо барои доираи маҳдуд ташкил шуда, танҳо хориҷиҳо метавонистаанд, аз он истифода кунанд. Читать дальше...

Ҳудуди 200 узбекистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд

Ozodi.org 

Мунир Мамедзода, раҳбари пешини намояндагии Бунёди кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Узбекистон дар суҳбат бо "Gazeta.uz" гуфтааст, тақрибан 200 зану кудаки узбекистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Мамедзода гуфтааст, ЮНИСЕФ аз тасмими ҳукумати Узбекистон, ки ҳамсарону кудакони ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияро қурбонӣ эътироф кардааст, истиқбол мекунад. "Маълум аст, ки ягон кудак чунин сарнавиштро барои худ интихоб накардааст ва занҳое, ки ба ватан баргардонида шудаанд... Читать дальше...

Чаро талабгорони ҳаҷ дар Тоҷикистон зиёд шудааст?

Ozodi.org 

Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълонҳо дар бораи фиристодан ба ҳаҷ бахусус Ҳаҷҷи умра аст. Дар як соли ахир даҳҳо нафар аз тариқи Узбекистон барои адои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтанд. Дар Тоҷикистон ҳам агар қаблан як ширкат ба фиристодани мардум ба ҳаҷҷи умра машғул буд, ҳоло ду ширкат ва ҳам Кумитаи дин зоиринро ба Арабистони Саудӣ мебаранд. Мо аз сокинони Душанбе ва вилояти Хатлон пурсидем, ки назарашон ба ин масъала чист? Аз як руҳонӣ ҳам суол кардем, ки аз нигоҳи динӣ барои кадом гуруҳи мардум рафтан ба ҳаҷ фарз аст?

Дар 9 моҳ 1900 қирғизистонӣ аз Русия ихроҷ шудаанд

Ozodi.org 

Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст, ки аз моҳи январ то моҳи сентябри имсол 1900 шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ шудааст. Сардори намояндагии вазорат дар Русия Кубандик Акматбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта шумори қирғизистониҳое, ки аз Русия ихроҷ шуданд, ба 2200 нафар расида буд. Вазорати умури дохилии Русия 7 ноябр хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти "Нелегал-2023" 96 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории муҳоҷиратро ошкор... Читать дальше...

Истеъфои сарвазир ва ҳукумати Лаҳистон

Ozodi.org 

Нахуствазири Лаҳистон Матеуш Мораветский дар ҷаласаи нахустини Сейм, палатаи поёнии маҷлиси миллии он кишвар бар асоси қонунгузорӣ, ҳамроҳ бо девони вазирон истеъфо дод. Президенти Лаҳистон Анжей Дуда рӯзи 7 ноябр номзадии Мораветскийро ба мақоми нахуствазирӣ ба Сейм пешниҳод карда, гуфт, масъулияти ташкили ҳукумат бар зиммаи вай вогузор карда шудааст. Мораветский ва ҳизби ҳокими муҳофизакори ӯ - "Ҳуқуқ ва адолат" ду ҳафта фурсат доранд, ки барномаи девони вазиронро ба Сейм пешниҳод кунанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *