Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 02.01.2024

Арзиши газ дар Тоҷикистон поин омад, вале...

Ozodi.org 

Нархи гази моеъ, ки тайи як моҳи гузашта гарон шуда буд дигарбора поин рафтааст. Чун ҳамеша баробари боло рафтани нархи газ, ки ронандагон дар Тоҷикистон аз он истифода мебаранд, роҳкиро ҳам қимматтар шуда буд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро бо арзон шудани нархи газ, роҳкиро бетағйир монд?

Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тамоми сол идома хоҳад ёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тӯлонӣ хоҳад буд ва эҳтимол як сол идома кунад. Пештар мақомоти исроилӣ гуфта буданд, ки барои маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар минтақаи муҳосирашуда чанд моҳ зарур аст.

Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тамоми сол идома меёбад

Ozodi.org 

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тӯлонӣ хоҳад буд ва эҳтимол як сол давом хоҳад кард. Пештар мақомоти исроилӣ мегуфтанд, ки барои нобудии гурӯҳи Ҳамос дар Ғазза чанд моҳ лозим аст.

Кӯдаконро дар Кӯлоб ба тамошои театр бурданд

Ozodi.org 

Дар таътили зимистонаи мактаббачаҳои тоҷик наврасону хурдсолонро дар Кӯлоб барои тамошои як намоишномаи кӯдакона ба театр даъват кардаанд. Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки барои кӯдакон дар Кӯлоб намоишномаи махсус пешниҳод мешавад.



Даргириҳои сахт дар ҷануби Ғазза идома дорад

Ozodi.org 

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", рӯзи 2-юми январ дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза даргириҳои сахт ҷараён дорад. Задухурдҳо як рӯз пас аз он шиддат гирифт, ки Исроил гуфт ҳазорон низомиёни худро аз қисмати дигари Ғазза берун мекунад.

Чаро занону духтарон қасди ҷонашон мекунанд?

Ozodi.org 

Мақомот дар охири моҳи декабри соли 2023 гуфтанд, ки аз қасди худкушии як духтари 21-сола дар Душанбе пешгирӣ карданд. Раёсати умури дохилии пойтахт гуфт, зани ҷавон мехост худро аз ошёнаи ҳафтум ба замин партояд. Якдигарнофаҳмӣ байни ӯ, волидон ва ҳамсари собиқашро сабаби чунин рафтор гуфтанд. Дар як моҳи охир ин кӯшиши дувуми худкушии занону духтарон аст, ки расонаӣ мегардад. Чаро ҷинси латиф дар Тоҷикистон ба ин амал даст мезананд ва роҳи ҳал кадом аст?

Ба роҳбари ҳизби мухолифи Кореяи Ҷанубӣ ҳамла карданд

Ozodi.org 

Ли Ҷи Минг, роҳбари Ҳизби мухолифи Кореяи Ҷанубӣ субҳи 2-юми январ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гузориши хабаргузории Yonhap, ҳодиса замоне рух дод, ки оқои Минг дар шаҳри бандарии Пусан бо хабарнигорон суҳбат мекард. Марди ҳамлавар бо корд ба ин сиёсатмадор ҳамла кардааст.

Даҳҳо кушта ва садҳо хона вайрону валангор. Оқибатҳои зилзилаи Ҷопон. АКС

Ozodi.org 

Шумори қурбониёни заминларзаи субҳи 1-уми январ дар Ҷопон дастикам ба 16 нафар расид. Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навиштааст, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Ин омор метавонад  бештар шавад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *