Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 16.01.2024

"Фароз" нест, гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ноустувории нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, ки то ҳафтод дарсади мошинҳои боркашу сабукрав аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, гуфтугӯҳоро бобати монополия будани соҳа ба миён овардааст.

Гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад?

Ozodi.org 

Болову поин рафтани қимати гази моеъ дар Тоҷикистон дар соли гузашта дигарбора баҳсро сари воридкунандагони ин сӯзишворӣ зиёд кард. Теъдоде мегӯянд, азбаски воридоти газ дар дасти афроди наздик ба ҳукумат аст, онҳо ҳар вақт хоҳанд, қиматро боло мебаранд. Аммо мақомот мегӯянд, ки чунин нест.

Ноиби президенти Кумисюни Аврупо бо мансабдорони тоҷик чӣ гуфт?

Ozodi.org 

Ҳуқуқи одамон, демократия, таҳдидҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, сармоягузорӣ, обу барқ ва тағйири иқлим аз мавзуъҳои суҳбати муовини президенти Кумисюни Аврупо бо мансабдорони баландпояи Тоҷикистон будааст.

Як зан дар назди идораи милисаи Кӯлоб худро куштааст

Ozodi.org 

Дар Кӯлоб парвандаи ғайриоддиеро таҳқиқ мекунанд, ки бо фоҷеа анҷомидааст. Зане дар назди идораи полиси шаҳр даст ба худкушӣ задааст. Иттиҳом ин будааст, ки гӯё ӯ бо истифода аз акси духтараш бо марде дар Русия робита барқарор намуда, аз ӯ пул гирифтааст.



Доналд Трамп аз рақибони ҳамҳизбаш пеш гузашт

Ozodi.org 

Бо вуҷуди парвандаҳои зиёди ҷиноӣ нисбат ба Доналд Трамп, ки таҳқиқашон идома дорад, ӯ рӯзи 15-уми январ дар овоздиҳии аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар аёлати Айова аз довталабони дигари мақоми президент аз ҳамин ҳизб пеш гузашт.

Аз ин мансаб ба он мансаб. Баъзе тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ, Академияи илмҳо ва Кумитаи ҷавонон, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чизе, ки намояндагони мухолифон бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ё вафодор ба ҳукумати ҳозира медонанд.

Ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Ироқ ва Сурия. Курдистон хоҳони вокуниш шуд

Ozodi.org 

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон субҳи 16-уми январ эълон кард, ки минтақаҳоеро дар шаҳри Арбили иқлими Курдистони Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Расонаҳои Эрон видеои кӯтоҳеро нашр карданд, ки сар додани мушакҳои Сипоҳи посдоронро нишон медиҳад.

Месси беҳтарин футболбози соли 2023 шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ҳамлагари 36-солаи бошгоҳи «Интер Майами»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2023 эълон кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *