Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 09.01.2024

Ахбори Озодӣ аз 9-уми январи соли 2024 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар Кӯлоб мошине ба бинои як ширкат бархӯрда, ҳаёти се нафарро аз байн бурд, дӯстонаш мегӯянд, ҷангҷӯйи тоҷик дар Афғонистон нопадид шудааст, баҳси будан ё набудани муҳоҷирон дар Русия ва матолиби дигар.

Оё назорати роҳҳои Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст? (Назари мардум)

Ozodi.org 

Соли гузашта баъди як идда садамаҳои ҷиддӣ раҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ иваз шуд. Ҳамкорамон дар Душанбе Амиро Исоев аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё бо тағйири раҳбарон вазъ дар роҳҳои кишвар беҳбуд ёфтааст?



Блинкен баъди боздид аз кишварҳои арабӣ ба Исроил рафт

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи душанбе гуфт, чандин кишвари арабӣ ва Туркия барои ҳамоҳангсозии талошҳо бо Амрико, ки ҳадафашон барқарорсозии навори Ғазза, муайян кардани қаламрави сиёсии ояндаи он ва расидан ба сулҳу субот дар минтақа аст, омода ҳастанд.

Ду ёвари ҳокими Самарқанд вақти гирифтани пора дастгир шуданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Самарқанди Узбекистон ду ёвари раиси ноҳияро ҳангоми гирифтани пора боздошт кардаанд. Боздоштшудаҳо ба як шаҳрванд ваъда кардаанд, ки дар ивази 1,3 ҳазор доллар ба вай қитъаи замин медиҳанд.

Сарвазири Фаронса истеъфо дод

Ozodi.org 

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса истеъфои сарвазир Элизабет Борнро қабул кард. То таъйини ҳайати нави вазирон Борн муваққатан вазифаҳои сарвазирро пеш мебарад.

Вакили порлумони Қирғизистон убури ғайриқонунии марзро рад кард

Ozodi.org 

Эмил Ҷамгирчиев, вакили порлумони Қирғизистон иттилои додситонии кулли он кишварро дар бораи убури ғайриқонунии марз рад кард. Ҷамгирчиев дар ин бора рӯзи 8 январ дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *