Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 05.01.2024

Гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "нафси бад" чӣ маънӣ дошт? ВИДЕО

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр зимни паёми солонааш ба порлумон дар бораи вазъи муҳоҷирон сӯҳбат кард ва як сабаби муҳоҷиратро "нафси бад"-и мақомот номид. Манзураш аз ин гуфта чӣ буд? Гапи Озод дар ҳамин бора аст.

"Китобнавис зиёд шудааст, китобхон кам" ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон панҷ китоберо барандаи имсолаи озмуни "Китоби сол" эълон кардааст, ки ба гуфтаи тоҷирон таваҷҷуҳи харидорон ба онҳо чандон зиёд нест. Инҳо "Меҳвари меҳр", "Барфи хунолуд", "Достони Нозкул", "Чароғи Раҳнамо" ва "Гавазн ва шикорчӣ" ҳастанд.

"Китобнавис зиёд шудааст, китобхон нест"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон cолҳои ахир озмуни китоби сол ва сабқати китобхони беҳтаринро роҳандозӣ намудаанд. Аммо бархе аз коршиносону масъулони китобфурӯшиҳо ҳамоно аз камҳаводор будани китобҳои тоҷикӣ ва таваҷҷӯҳи кам ба китобхонӣ мегӯянд.

Ахбори Озодӣ аз 5-уми январи соли 2024 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Марги фаъоли ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ дар маҳбаси Тоҷикистон, аскари беморро аз артиши Тоҷикистон ҷавоб доданд, таваҷҷуҳи ками мардуми Тоҷикистон ба китобхонӣ ва матолиби дигар.

Ёди қурбониёни ҳодисаҳои январӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон гуруҳе аз одамон ҷамъ шуда, аз қурбониёни ҳодисаҳои январии соли 2022 ёдоварӣ карданд. Онҳо дар назди ёдгории "Тағзим" ҷамъ шуданд, ки дар наздикии бинои ҳукумати шаҳр ҷойгир аст.



Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст

Ozodi.org 

Нархи телефонҳои мобилӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефонро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабабро ба сабти IMEI рабт доданд.

Марде пораи ҷигари худро ба ҳамсараш дод

Ozodi.org 

Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.

Чаро ба Русия мераванду ба "Роғун" не?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки бахше аз сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки танҳо дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 ҳазор коргар намерасад.

Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.

Марги як намояндаи пешини ҲНИТ дар зиндон  

Ozodi.org 

Раҷабалӣ Комилов, раиси собиқи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Данғара, шаби 4-уми январи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузаштааст. Сабаби расмии он маълум нест.

Ҳар ду соат як зан дар Афғонистон ҳангоми таваллуд мемирад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон дар ҳар ду соат як зан ҳангоми таваллуд ҷон медиҳад ва ин кишвар аз назари маргу мири модару кӯдак дар ҷаҳон дар яке аз мақомҳои аввал аст.

"Ҳарду соат, як зан ҳангоми таваллуд ҷон медиҳад"

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон дар ҳарду соат, як зан ҳангоми таваллуд ҷон медиҳад. Фақру камбизоатӣ, бозгашти Толибон ба қудрат ва суннатҳои иртиҷоӣ аз сабабҳои ин мусибати занону модарон дар Афғонистон будааст.

"Дар Тоҷикистон ҳар рӯз нархҳоро боло мебаранд"

Ozodi.org 

Бар асоси як қарори ҳукумат аз 1-уми январи соли 2024, қимати неруи барқ дар кишвар боло рафта, аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам хоҳанд пардохт. То аввали имсол, сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам пардохт мекарданд. Дар як назарпурсӣ аз сокинони шаҳри Бохтар пурсидем, ки Шумо аз гароншавии нархи барқ хабар доред? Омода ҳастед, ки барои истифодаи барқ пули бештар диҳед? Видеоро ҳамроҳ мебинем.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *