Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 12.04.2024

Рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад?

Ozodi.org 

Як ниҳоди байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки ба сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар ду соли наздик, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад. Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 6,5 % мерасад, дар ҳоле, ки соли гузашта аз 8 дарсад бештар буд.

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Бишкек

Ozodi.org 

Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод, ки рӯзҳои 11-12-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муҳоҷират бояд кам карда шавад

Ozodi.org 

Се ҳафта баъди ҳамлаи маргбор дар Маскав, ки бо гумони содир кардани он дастикам даҳ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд иқрор кард, ки кишвараш бояд бо ташкили шуғли бештар шиддати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонро коҳиш диҳад.

Чаро тоҷикон кайҳоннавард надоранд?

Ozodi.org 

12 апрел дар қаламрави собиқ шӯравӣ чун рӯзи кайҳоннавардон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1961 Юрий Гагарин аввал шуда ба кайҳон парвоз кард. Ҳамкоронам Иршод Сулаймонӣ ва Амир Исоев имрӯз аз чанд сокини Душанбе пурсиданд, чаро тоҷикон кайҳоннаварде надоранд?



Дар рейдҳои зидди муҳоҷирон 22 нафаре пайдо шудааст, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд

Ozodi.org 

Дар пайи рейду тафтишҳо дар вилояти Свердловски Русия 900 муҳоҷири меҳнатиро дар қайди ҳарбӣ гузоштаанд. Комисариатҳои ҳарбӣ дар ин минтақа маҳз бо ҳамин ҳадаф миёни хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, амалиёт гузаронида, онҳоро тафтиш кардаанд.

Гузориши Радиои Озодӣ аз як бозори наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Ozodi.org 

Бозори наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҳаммарз бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳар рӯзи шанбе тоҷирону харидонро аз ду канораи Ому гирдиҳам меорад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *