Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 25.04.2024

47 зану кӯдаки дигари тоҷикро аз Сурия ба Душанбе оварданд

Ozodi.org 

Як гурӯҳи дигар аз занону кӯдакони тоҷикро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Душанбе оварданд. Мақомот дар баёняие гуфтанд, ки онҳо намояндагони сездаҳ оила ҳастанд. 47 нафар -- 15 зану 17 духтару 15 писар. Синнашон маълум нест.

Пайрав Воҳидов: "Ба муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ мекунем"

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд - бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир мегардад.

Баҳои Амрико ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Амрико навишт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2023 “бетағйир” мондааст. Гузориши 51-саҳифаӣ рӯзи 23-юми апрел нашр шуд. Муаллифони гузориш аз қудрати Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоду сиёсат; набудани фазои озод, афзоиши маҳбусони сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҷо Байден қонуни зидди TikTok-ро имзо кард

Ozodi.org 

Ҷо Байден, президенти Амрико, тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад. Пештар аз ин, Сенат ва Палатаи намояндагони Амрико манъи фурӯши ин барномаро дар фурӯшгоҳҳои Apple ва Google тасдиқ карда буданд.

Оё Тоҷикистон метавонад вобастагиро аз пули муҳоҷирон кам кунад?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи коҳиши вобастагии иқтисодӣ аз пули муҳоҷирон сухан мегӯянд. Коршиносон бовар доранд, ки бе ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ ва сиёсӣ даст ёфтан ба ин ҳадаф номумкин аст. Ҳукумат то куҷо ба ин чиз моил аст?



Пирӯзии духтарони тоҷик ба туркманҳо дар Ҷоми CAFA-2024

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби духтарони то 18-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нимфинали Ҷоми Осиё бо Тайланд бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд - бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир мегардад.

Дар Олмон 7 зодаи Осиёи Миёна ба терроризм муттаҳам мешаванд

Ozodi.org 

Додситонии федеролии Олмон зидди 7 зодаи Осиёи Марказӣ бо гумони таъсиси гурӯҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти он ва пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) айб эълом кардааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *