Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 19.04.2024

Таҳримҳои нави Амрико ба зидди Эрон

Ozodi.org 

Вазорати молияи Амрико рӯзи 18-уми апрел дар баёнияе гуфт, Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳамлаи Эрон ба Исроил ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия "беш аз 60 дарсад афзудааст"

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон пас аз як моҳи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав тасдиқ карданд, ки бозгашти муҳоҷирони корӣ афзудааст. Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳамла ёздаҳ зодаи Тоҷикистонро дастгир карда, тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷиронро сахттару бештар карданд.

Ба қирғизистониҳо тавсия шуд, ки ба Ховари Миёна нараванд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон 19-уми апрел ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил, Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон ва Фаластин муваққатан худдорӣ кунанд.

Исроил ба Эрон ҳамла кардааст

Ozodi.org 

Хабаргузории “Рейтерс” бо ишора ба се манбаъ иттилоъ дод, ки Исроил рӯзи 19-уми апрел ба Эрон ҳамла кард. Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба пойгоҳҳои низомии канори шаҳри Исфаҳон хунсо карданд.

Ахбори Озодӣ аз 19-уми апрели соли 2024

Ozodi.org 

Ҳамлаи Исроил ба Эрон; бозгашти ихтиёрии шуморе аз муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус"; шиканҷаи муҳоҷир барои иқрор дар тарғиби терроризм дар Русия ва матолиби дигар.



Маскав мехоҳад "Толибон"-ро "афв" кунад. Таъсираш ба Душанбе чист?

Ozodi.org 

Маскав барои берун кардани "Толибон" аз рӯйхати созмонҳои террористӣ омода мешавад. Ин тасмим ба нигоҳи Душанбе ба гурӯҳи тундрави ҳоким дар Афғонистон таъсире хоҳад дошт? Тоҷикистон тасмими эҳтимолии Кремлро чӣ гуна хоҳад пазируфт?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *