Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 15.04.2024

"Хонаам чаппа шуд." Зиёни сел ба даҳҳо нафар дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи боридани борону омадани сел даҳҳо нафар дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ, зиён дидаанд. Ҳодиса шаби 14 ба 15-уми апрел рӯй дод. Ба иттилои расмӣ, борону сел талафоти ҷонӣ надошт, вале танҳо дар як маҳаллаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 24 манзил осеб расонд.

Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро ба Гурҷистон роҳ надодаанд

Ozodi.org 

Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар наворе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки марзбонҳои Гурҷистон онҳоро ба ҳудуди ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳи Тбилиси (Тифлис) пас гардонданд. Навор рӯзи 14-уми апрел дастрас шуд.

Боздошти муҳоҷирон барои занозании гурӯҳӣ дар Русия

Ozodi.org 

Пулиси Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбекро, ки барои масолеҳи сохтмонӣ ҷанҷолу занозанӣ кардаанд, дастгир намудааст. Ҳодиса охири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи сохтмонии "Метроном" дар шарқи Маскав рӯй дод.

Беш аз даҳ тоҷикро ба Гурҷистон роҳ надодаанд

Ozodi.org 

Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар наворе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки марзбонҳои Гурҷистон онҳоро ба ҳудуди ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳи Тбилиси (Тифлис) пас гардонданд. Навор рӯзи 14-уми апрел дастрас шуд.

Занозании муҳоҷирон дар ду шаҳри бузурги Русия

Ozodi.org 

Пулиси Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбекро, ки барои масолеҳи сохтмонӣ ҷанҷолу занозанӣ кардаанд, дастгир намудааст. Ҳодиса охири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи сохтмонии "Метроном" дар шарқи Маскав рӯй дод.

Ахбори Озодӣ аз 15-уми апрели соли 2024

Ozodi.org 

Занозании муҳоҷирон дар ду шаҳри бузурги Русия; тоҷиконро ба Гурҷистон роҳ надоданд; сафири Амрико мегӯяд, Русия дар таҳқиқи ҳамла ба "Крокус" аз Вашингтон маълумот хостааст ва матолиби дигар.



Нахустин бозии дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Саудӣ доир мегардад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, нахустин бозиашро бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шиканҷашудаи тоҷик

Ozodi.org 

Мудири созмони “Ташаббуси ҳуқуқи байнулмилалӣ” Айна Шорманбоева гуфт, парвандаи шиканҷаи даҳҳо нафаре, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар деҳаи Кошмамбети вилояти Алмато дастгир шуда буданд, ба Додситонии кулли Қазоқистон фиристода шудааст.

Барканории бидуни шарҳи Қосим Раҳбар аз мансаби раиси Ҳисор

Ozodi.org 

Бо як фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрел Қосим Роҳбарро аз мансаби раиси шаҳри Ҳисор барканор карда, аммо сабабашро нагуфтанд. Ҳоло ба ин мақом Ҷаббор Носирзода таъйин шудааст. Вай то ин муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *