Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2019

Новости за 15.05.2019

"Истиқлол" дар Бишкек ва "Хуҷанд" дар Ишқобод шикаст хӯрданд

Ozodi.org 

​Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар гурӯҳи «D” шоми чоршанбеи 15-уми май дар сафар баргузор карда, мағлуб шуданд.

Ваъда доданд, афв мекунанд, вале иҷро накарданд

Ozodi.org 

Як сокини Роғун мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карда мегӯяд, ду бародарашро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, бо баҳонаи афв ба кишвар баргардонданд, вале ба зиндон андохтанд.

Даъвои волидони як ҷавон аз Фархор: Писари беморамро бурданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот рӯзи 10-уми май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад.

"Облава" дар Фархор

Ozodi.org 

Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистонро эълон карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии ҳафт моҳи пеш дар кишварро эълон карданд. Кумиссиёни мустақили интихобот рӯзи 14-уми май гуфт, дар шаҳри Кобул 24 мард ва 9 зан вакили Вулуси Ҷирга палатаи поёнии порлумон интихоб шудаанд. Аҷмал Раҳмонӣ, соҳибкори афғон аз ҳама бештар ва 11 ҳазор раъй  ба даст овардааст. Афғонистон рӯзи 20-уми октябри соли гузашта интихоботи порлумонӣ дошт, ки он баъд аз чанд моҳи таъхир сурат гирифт. Натиҷаҳои пешакии интихоботро моҳи январ эълон карданд... Читать дальше...

Яке аз мудирони "Роскосмос" ба хориҷа гурехтааст

Ozodi.org 

Бо идомаи тафтиш ва аудити як идораи моҳвора ва мушаксозии Русия яке аз раҳбарони баландпояи он Юрий Яскин аз ин кишвар фирор кардааст. Бино ба гузоришҳо, Юрий Яскин, намояндаи “Роскосмос”- ро моҳи апрел бо сафари корӣ ба хориҷ  фиристодаанд, вале ӯ то кунун ба кишвар барнагаштааст. Мақомоти Пажуҳишгоҳи Технологияҳои Кайҳоннавардӣ дар ширкати “Роскосмос” гуфтаанд, мудири кулли ин марказ баъди рафтан ба хориҷ аризаи истеъфояшро пешниҳод кардааст. Юрий Яскин аз соли 1993 дар “Роскосмос” кор карда ва соли 2012 мудири пажуҳишгоҳ таъйин шудааст. Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 15-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Муҳоҷири тоҷик Русия ба додгоҳи аврупоӣ кашид, дар саррофхонаҳои Тоҷикистон арзи хориҷӣ камчин шудааст, шикоят аз даъвати иҷборӣ ба артиш, болоравии нархи хун дар муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон ва матолиби дигар.

"Коммерсант": "Суперҷет" бо айби халабонҳо оташ гирифтааст

Ozodi.org 

Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100), ки рӯзи 5 май дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав ба садама дучор шуд, бо иштибоҳи халабонҳо оташ гирифтааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як манбаи огоҳ аз рафти тафтишоти садама хабар додааст. Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, халабонҳо ҳангоми фурудоӣ ҳаракати муҳаррикро дучанд карда, сари ҳавопайморо якбора поин намуданд. Тасмими идома додани фурудоӣ бо вуҷуди оғози лағжиш аз хати парвоз яке аз хатоҳои дигари халабонҳо гуфта шудааст. Читать дальше...

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси хадамоти давлатии иҷрои ҷазои он кишвар К.К. боздошт шуданд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки мақомдорони вазорати тандурустӣ барқасдона ба Азиз Батукаев ташхиси бемории вазнин гузоштаанд, то ин ки вай аз ҳабс раҳо шавад. 23 апрели соли 2013 гуруҳи табибон, ки бо қарори порлумон ташкил шуда буд, ташхиси Азиз Батукаевро рад кард. Читать дальше...

Амрико аз дипломатҳояш хост, Ироқро тарк кунанд

Ozodi.org 

Бо шиддат гирифтани таниш байни Амрикову Эрон, сафорати Амрико дар Бағдод гуфт, дастур гирифтааст, ки тамоми кормандонеро, ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, аз Ироқ хориҷ кунанд. Сафорат рӯзи 15-уми май бо нашри як баёния гуфт, ки дастурро аз вазорати умури хориҷии Амрико гирифтааст. Ба гуфтаи вазорат, амри тарки Ироқ ҳам ба кормандони сафорат ва ҳам ба дипломатҳо дар консулгарии Амрико дар Ирбил маркази Курдистони Ироқ дахл дорад. Дар баёния омадааст: “Додани раводид дар ҳарду намояндагӣ муваққатан қатъ мешавад. Читать дальше...

"Агар дар идораҳои давлатӣ "шинос" надорӣ, корат буд намешавад"

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон бисёр мушкилҳоро ҳал кард". Назари дигаронро дар ин видео бинед.

Помпео Русияро танқид кард, Лавров Амрикоро

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз Русия хост, ки ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвараш дахолат накунад, ҳамтои руси ӯ, гуфт, пойфишории Амрико барои ҳукумати нав дар Венесуэла мисли ҷанг дар Ироқ аст. Майк Помпео ва Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 14-уми май дар шаҳри Сочӣ дар як нишасти хабарии муштарак суҳбат карданд.  Ду тараф гуфтанд, ки саъй доранд, то робитаҳои бадшудаи Амрикову Русияро ислоҳ кунанд. Муносибатҳои ду тараф бинобар дахолати Русия ба интихоботи Амрико, муноқиша дар Украина... Читать дальше...

Амрико ба марзбонони тоҷик кӯмаки нав расонд

Ozodi.org 

Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо арзиши 100 ҳазор доллар таҷҳизоти ташхиси санад тақдим кард. Дар ин маросим дар рӯзи 15-уми май Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ҳузур дошт. Сафорати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки тақдими таҷҳизот бахше аз барномаи 500 ҳазор долларӣ аст, ки Амрико барои тақвияти ҳамкориҳои неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон амалӣ мекунад. Ба гуфтаи сафорат бар илова ҳукумати Амрико... Читать дальше...

Нурсултон - мизбони Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ-2021

Ozodi.org 

Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, мизбони Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ-2021 эълон шуд. Чунин тасмим дар Ассамблеяи кулли Созмони байналмилалии федератсияҳои варзишӣ (GAISF), ки дар шаҳри Голд-Кости Австралия доир гардид, гирифта шуд.

Раҳбари Эрон: "Бо Амрико ҷанг нахоҳад шуд"

Ozodi.org 

Раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтааст, ки ҳеҷ ҷанге бо Амрико рух нахоҳад дод. Ӯ ҳамзамон ҳар гуна музокирот бо Вашингтон бар сар созиши ҳастаиро радд кардааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ ин суханонро рӯзи сешанбеи 14-уми май дар мулоқот бо мақомоти давлатӣ ва интизомии Эрон баён доштааст.

Тартиби нави шомилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Узбекистон

Ozodi.org 

Дар Узбекистон соли ҷорӣ довталабон бо тартиби нав шомили донишгоҳҳо мешаванд. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев фармон имзо кард. Соли ҷорӣ имтиҳонҳои шомилшавӣ моҳҳои июл-август баргузор мешаванд. Натиҷаи имтиҳон як рӯз баъди баргузорӣ эълом мегардад. Ба ҷуз ин, довталабон метавонанд, якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супоранд. Ҳуҷҷатҳо танҳо дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё тавассути Портали ягонаи хадамоти интерактивии давлатӣ қабул мешаванд. Бар асоси фармони нав, сар аз соли 2020 довталабони узбекистонӣ на аз 3... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *