Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2019

Новости за 22.05.2019

"Як гул хато шуд, хато меравад то охир"

Ozodi.org 

Тоқии вахонӣ сернақштарин аст. Ҳар нақши онро ба фарҳанги ориёӣ мансуб медонанд. Зебуннисо Муллоева аз 18 солагӣ тоқӣ медӯзад, гулдӯзӣ мекунад. Зиндагӣ як зани ҳунарманд дар домани рангҳо.

Вакили Русияро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд

Ozodi.org 

Як вакили порлумон аз ҳизби ҳокими Русияро, ки дар дохили порлумон дастгир шуд, аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд. Тамоми 153 аъзои Шӯрои Федератсия рӯзи 22-уми май раъй доданд, ки Рауф Арашуков аз мақоми вакилӣ маҳрум карда шавад, чун ӯ то 1-уми апрел эъломияи даромади солонаашро ба мақомот насупурдааст. Арашукови 32-соларо рӯзи 30-уми январ баъди маҳрум шудан аз ҳаққи масуният дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дастгир карданд. Ӯро ба чанд ҷиноят аз ҷумла ду қатли фармоишӣ дар Карачаево Черкессия дар соли 2010 муттаҳам  карданд. Читать дальше...

Шанаҳан: "Сухан дар бораи пешгирии Эрон аст, на ҷанг"

Ozodi.org 

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико Патрик Шанаҳан гуфтааст, ки мақсади онҳо дар рӯзҳои охир “пешгирӣ кардани Эрон буд”. Пас аз як рӯзи ҷаласаҳои пушти дарҳои баста дар   Capitol Hill, Шанаҳан гуфт, ҳоло маъмурияти президент Доналд Трамп кӯшиш дорад аз тезу тунд шудани вазъ дар оянда пешгирӣ кунад. Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ба рӯзноманигорон гуфт: “Сухан дар бораи пешгирии  Эрон мебошад, на ҷанг. Мо ба ҷанг рафтанӣ нестем. Диққати асосии мо дар марҳилаи кунунӣ пешгирӣ аз арзёбии нодурусти Эрон мебошад. Читать дальше...

Додгоҳи Фаронса ҳукми муҳандиси эрониро содир мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст, як додгоҳи Фаронса дар бораи истирдод як муҳандиси эронӣ ба Амрико ҳукм содир кунад. Ҷалол Руҳуллонажодро рӯзи 2-уми февлар дар шаҳри Нис дар Фаронса рӯзи 2-уми январ бо дархости Амрико дастгир карданд. Муҳандиси 41-сола, аз тариқи Маскав ба Нис ва бо раводиди кории Фаронса ворид шудааст. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, Амрико муҳандиси амрикоиро ба талошҳо барои содироти таҷҳизоти лозим барои сохти системаҳои зидди дрон муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ мехост, ин таҷҳизотро аз тариқи... Читать дальше...

Туркия гуфт, барои таҳримоти эҳтимолии Амрико омода мешавад

Ozodi.org 

Ҳулусӣ Акар, вазири дифои Туркия, омодаи ҳаргуна таҳримоти эҳтимолиест, мумкин аст, Амрико ба зидди кишвараш эъмол кунад. Ӯ айни замон дар бораи дар бораи “наздиктар” шудани Туркияву Амрико дар робита ба ин масъала суҳбат кард. Туркия, як узви НАТО мехоҳад, аз Русия системаи муосири зиддимушакии S-400 бихарад, аммо Амрико ва дигар аъзои паймон нигаронанд, ки системаи русӣ барои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва ҷангии Ғ-35 хатар эҷод мекунад. Вашингтон ба Туркия гуфтааст, ки агар ин системаро бихарад, ба таҳримҳои молии Амрико гирифтор мешавад. Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 22-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Симкорт бо шиносномаи нав, худдории ширкати амрикоӣ аз тақдими нармафзор ба телефонҳои Ҳуавей, баҳс дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, муҳокимаи 7 тоҷики муттаҳам бо терроризм, ҷавонро "облава" карданд, вале ба артиш нагирифтанд ва матолиби дигар.

Узви ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон муҷозот шудааст

Ozodi.org 

Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣ рузи 20-уми май бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас муҷозот шуда, ба ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ интиқол дода шудааст. Наздикони Раҳматуллои Раҷаб рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маълумотро аз сардори маҳбаси рақами 1 Идибек  Муҳтоҷзода гирифтаанд. Як манбаъи дигар дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол кард ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ намуд. Пайвандони маҳбус мегӯянд... Читать дальше...

Зеленскийро ба нақзи Конститутсия муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Интизор меравад, имрӯз порлумони Украина нишасти ғайринавбатӣ баргузор кунад. Нишаст ду рӯз баъд аз маросими адои савганди раиси ҷумҳур Володимир Зеленский сурат мегирад. Нишастро Андрей Парубий раиси Верховная Рада бо дархости Зеленский даъват кардааст. Аз ин пештар дар рӯзи 21-уми май раиси ҷумҳури нави Украина бо як қарор порлумонро пароканда кард ва рӯзи 21-уми июлро рӯзи баргузории интихобот таъйин кард. Андрей Парубий рӯзи 21-уми май дар Фейсбук навишт, ки қарори раиси ҷумҳур ғайриқонунӣ аст. Читать дальше...

ҲНИТ мақомоти тоҷикро ба пинҳон кардани шумори қурбониёни ошӯб айбдор кард

Ozodi.org 

Ҳизби дар Тоҷикистони мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бо нашри як изҳорот мақомоти кишварро ба он айбдор кард, ки маълумот дар бораи ошӯби хунин ва пурқурбонӣ дар зиндони Ваҳдатро пинҳон медоранд. Ин ҳизб 20 май бо истинод ба манбаи худ гуфт, шумори қурбониёни ошӯб аз оне ки мақомоти Душанбе расман эълом карданд, бештар аст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки 5 узви гуруи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ошӯбро барангехтаанд ва се посбони зиндону чанд зиндонӣ аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзатро куштаанд. Читать дальше...

Тарҳи алифбои нави узбекӣ муаррифӣ шуд

Ozodi.org 

Гуруҳи корӣ дар Донишгоҳи давлатии забони узбекии Тошканд тарҳи ниҳоии алифбои узбекиро муаррифӣ кард. Ин гуруҳ ба такмил ва содасозии алифбои узбекии лотиниасос машғул аст. Дар алифбои нав забоншиносон пешниҳод доранд, ки 30 ҳарф боқӣ монад. Ба ин тартиб, алифбои узбекии лотиниасос ба шакли ниҳоии худ, ки соли 1993 қабул шуда буд, бармегардад. Дар тарҳи нав пешниҳод шудааст, ҳарфи "с", ки ҳарфи кириллии "ц"-ро ифода мекунад, ба алифбо баргардонида шавад. Муаллифони тарҳ ҳамчунин пешниҳод доранд... Читать дальше...

Маҳкумшудаҳо тасмим доранд "дар Қазоқистон дигаргунӣ кунанд"

Ozodi.org 

Дар пойтахти Қазоқистон рӯзи 21 май фаъолони шаҳрвандие, ки баъди роҳпаймоиҳои рӯзи 1 май боздошт ва ҳабсу ҷарима шуда буданд, гирди ҳам омада, вазъи ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд. Миёни иштирокдорон модарони серфарзанд, инчунин ҷонибдорони Кайирли Омар, роҳбари созмони ҷамъиятии "Жер тағдирӣ" низ буданд. Намояндагони САҲА низ дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд. Ташкилкунандагони ҷамъомад гуфтанд, натавонистанд, мулоқотро дар толоре анҷом диҳанд, зеро соҳибони толорҳо нахостаанд, чунин имконеро фароҳам оваранд. Читать дальше...

Нахустин таъйиноти кадрии президенти нави Украина

Ozodi.org 

Президенти нави Украина Владимир Зеленский генерал-лейтенант Руслан Хомчакро сардори Ситоди кул - сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар таъйин кард. Хомчаки 51-сола Омӯзишгоҳи низомии Маскавро хатм карда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Донбасс иштирок кардааст. Генерал Хомчак дар ин мақом Виктор Муженкои 57-соларо иваз кард. Муженко хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии низомии Ленинград буд ва дар замони авҷи даргириҳои Донбасс нирӯҳои Украинаро раҳбарӣ мекард. Зеленский рӯзи 21-уми май ҳамчунин фармони... Читать дальше...

Садамаи ду мошин дар зери як пули Душанбе

Ozodi.org 

Рӯзи 20-уми май дар зери яке аз пулҳои шаҳри Душанбе як садамаи нақлиётӣ рух додааст, вале касе дар ин ҳодиса сахт осеб надидааст. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ видеои садамаро ба мо фиристод, ки дар он дида мешавад, як мошини боркаше бо чӯб чаппа шуда ва як мошини сабукрав ба сутун бархӯрдааст.

Аз Гугл то Яндекс. Дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон масдуд шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҷустуҷӯгари Гуглу Яндекс, шабакаҳои Фейсбук, Ютуб, Одноклассники ва Инстаграм дастнорас шудааст. Сокинон мегӯянд, ин вазъият аз рӯзи 20-уми май ба ин сӯ ҳукмфармост. Онҳо шикоят доранд, ки боз кардани сомонаҳо ба воситаи VPN ё филтршиканҳо низ ба осонӣ даст намедиҳад. "Суръати интернет дар ду рӯзи охир ба ҳадде суст шудааст, ки баъзе саҳифаҳоро ба сахтӣ мекушояд ё аслан боз намекунад. Одамро асабӣ мекунад", -- гуфт як сокини Душанбе рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ.... Читать дальше...

Милиса ва додситонҳо муваззаф шуданд дороиҳои худро эълом кунанд

Ozodi.org 

Аз ин ба баъд, афроде, ки мехоҳанд дар сафҳои ВКД, додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор кор кунанд, муваззафанд қабл аз оғози фаъолият, эъломияи дороиҳои худро пешниҳод намоянд. Порлумони Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 22-юми май ба қонунҳо дар бораи милиса, прокуратура ва кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, тағйирот ворид кард. Бар пояи ин қонун, афроде, ки ҳамакнун низ дар ин сохторҳо фаъолият менамоянд, бояд эъломияи дороиҳои худро пешниҳод кунанд. Абдуманнон Холиқзода... Читать дальше...

Ширкати даҳ даста дар лигаи занонаи футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки рӯзи 21-уми май дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), доир гардид, намояндагони даҳ даста ширкат карданд.

Сӯхтор бар бозори марказии Ховалинг

Ozodi.org 

Як бахши яклухтфурӯшии маводи хӯроквории бозори марказии Ховалинг ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 22-юми май рух дода ва бо кӯмаки оташнишонҳо хомӯш карда шуд. Масъулон дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг мегӯянд, ки дар пайи ин сӯхтор ду дӯкон зарар дидааст. Вале шоҳидон мегӯянд, ки сӯхтор зиёда аз 10 дӯконро ба коми худ кашидааст. Сулаймон Юсупов, раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ховалинг чоршанбеи 22-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ ду дӯкони сабзавот ва гӯштфурӯшӣ ба коми оташ рафтанд. Читать дальше...

Дарси хушбахтӣ барои занони тоҷик

Ozodi.org 

"Умед дорам, ки занҳои бештар дар Тоҷикистон хушбахт мешаванд ва ҷомеаи мо рушд мекунад. Шахсан барои ин кор саҳм мегузорам", -- мегӯяд Наргис Назарова, ки барои занон дарси хушбахтӣ меомӯзонад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *