Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2019

Новости за 17.05.2019

Низоъҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба пардаи синамо мекӯчанд

Ozodi.org 

Филмсозони Тоҷикистону Қирғизистон бо таҳияи як филми ҳунарии муштарак паём медиҳанд, ки мардуми ду кишвар аксаран қурбони иғво ва хушунате мешаванд, ки афроди сабуксар роҳандозӣ мекунанд,

Ахбори Озодӣ аз 17-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Конфронси байналмилалӣ бахшида ба мубориза бо терроризм дар Душанбе, боздошти се тоҷик бо иттиҳоми дастгирии молии терроризм дар Русия, садамаи крани борбардор дар Душанбе, гармшавии бозори мошин дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Зариф дар Пекин гуфт, имзогузорони созиши ҳастаӣ бояд ин санадро ҳифз кунанд

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз Чину Русия ва дигар “шарикон” тақозо кард, ки ба хотири ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015, ки онро соли пеш ИМА тарк карда буд, аз “иқдоми мушаххас” кор бигиранд. Зариф ин ҳарфҳоро субҳи 17 май дар Пекин ироа кард. Ҷавод Зариф бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо Ван И, вазири хориҷаи Чин ба Пекин сафар кардааст. Чин яке аз кишварҳои имзокарда зери созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад, ки аз Теҳрон шадидан маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаӣ бар ивази озодӣ аз таҳримҳоро ваъда медиҳад. Читать дальше...



Тамаъҷӯӣ аз хоҳар ҷавони тоҷикро ба зиндон бурд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро барои тамаъҷӯӣ аз хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст, ҳарчанд худаш гуфтааст, ки бегуноҳ аст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 17-уми апрел хабар дод, ки муҳокимаи Фаридун Сангов, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми апрел содир шуд ва ӯ 10 соли умрашро бояд дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунад. Ба гуфтаи додгоҳ, Фаридун Сангов аз хоҳараш, ки соли 2011 бо мусоидати ӯ бо марди арабе дар Дубай издивоҷ кардааст, пайваста пул талаб карда ва таҳдид мекардааст... Читать дальше...

Овозхони маъруфи узбек Ортиқ Отаҷонов даргузашт

Ozodi.org 

Дар Узбекистон дар синни 72-солагӣ овозхони маъруфи даврони шӯравӣ Ортиқ Отаҷонов даргузашт. Ба навиштаи матбуот, ҷанозаи ҳунарманди номӣ рӯзи 17 май дар оромгоҳи Саид Ваққосотаи маҳаллаи Уриқзори Тошканд ба хок супурда мешавад. Ортиқ Отаҷонов, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт, зодаи вилояти Хоразм буда, замони шӯравӣ раҳбарии ансамбли маъруфи ҳунарии “Лазгӣ”-ро ба ӯҳда дошт. Ӯ унвони ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, Туркманистон ва Қароқалпоқистонро дошт. Отаҷонов дар як радда бо овозхонҳои дигари маъруфи узбек мисли Шералӣ Ҷӯраев... Читать дальше...

Деҳқон об талаб дорад, мақомот қарз

Ozodi.org 

Мақомоти Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯянд, саркашии деҳқонон аз пардохти пули хизматрасониҳои обрасонӣ ва ҳаққи нерӯӣ, барқ боиси даҳҳо миллион сомонӣ қарзи ин ниҳод дар назди дигар идораҳо шудааст.

Эътилофи муҳими аврупоии Украина дар парлумон пароканда шуд

Ozodi.org 

Дар паи тарки эътилофи калидии парлумони Украина кардани ҳизби Фронти халқӣ, ба гуфтаи раиси маҷлис Андрей Парубий, ин эътилоф пароканда шуд. Дар бораи тарки эътилофи муҳими парлумонӣ карданаш рӯзи 17 май раҳбари Фронти халқӣ Максим Бурбак изҳорот дод. Ин тасмим се рӯз пеш аз баргузории маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Владимир Зеленский дар парлумони Украина гирифта шуд. Бар асоси конститутсия, парлумон ҳоло 30 рӯз фурсат дорад, ки эътилофи нави ҳукуматиро таъсис диҳад. Дар сурати таъхир дар таъсиси эътилофи нав... Читать дальше...

Таҷлили 70-солагии Шӯрои Аврупо дар пасманзари танишҳо бо Русия

Ozodi.org 

Шӯрои Аврупо, ки барои таҷлили 70-солагии таъсиси ин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи башар дар Финляндия ташкили ҷаласа мекунад, равобит бо Русияро дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор додааст. Барои ширкат дар ҷаласаи дурӯза дар Ҳелсинки рӯзи 16 май беш аз 30 вазири хориҷаи қораи Аврупо ҷамъ шудаанд. Ҷаласа дар Кохи таърихиву рамзии «Финляндия» ташкил шудааст, ки соли 1975 дар пушти деворҳои он санади муҳим ба имзо расида буд. Ин замоне буд, ки Аврупо ва Ғарб талош доштанд танишҳои эҷодшуда дар паи Ҷанги Сардро фурӯ нишонанд. Читать дальше...

Сергей Шойгу ба Тоҷикистон меояд

Ozodi.org 

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия авохири моҳи равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки интизор меравад оқои Шойгу бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд. Бархе расонаҳои русӣ қаблан навиштаанд, ки интизор меравад, ки Сергей Шойгу бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дидору гуфтугӯ дошта бошад. Аммо ин хабар то ба ҳол ба таври расмӣ таъйид нашудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, сафари вазири дифои Русия дар даҳаи... Читать дальше...

Вазири умури хориҷии Чин аз Тоҷикистон дидан мекунад

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Чин Ван И бо як сафари корӣ дар охири моҳи май аз Тоҷикистон дидан мекунад. Рӯзи 17 май  дар як нишасти хабарии вазорати хориҷаи Чин намояндаи расмии ин ниҳод Лу Кан хабар дод, ки раҳбари сиёсати хориҷии кишвар қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ аз чанд кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кунад. Дар ин бора оҷонсии русии ТАСС хабар медиҳад. Лу Кан гуфт, ки сафари вазир Ван Ин дар таърихи 24 то 27 май «бо даъвати вазоратҳои хориҷии ин кишварҳо сурат мегирад». Читать дальше...

9 полиси афғон дар ҳамлаи иштибоҳии ҳавоӣ кушта шуданд

Ozodi.org 

Дар паи як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷараёни задухӯрдҳои нирӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон дар Ҳилманд  ба  таври иштибоҳӣ 9 афсари полиси маҳаллӣ, аз ҷумла фармондеҳи онҳо   кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи 17 май мақомоти Афғонистон изҳорот доданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии  ноҳияи Наҳри Сароқ рӯзи 16 май, ки дар беруни маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ ҷойгир аст,  инчунин 14 афсар маҷрӯҳ шуданд.   Раиси вилояти   Ҳилманд Муҳаммад Ёсин гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Сухангӯи ӯ Умар Звак гуфт, ки... Читать дальше...

Дар Тайван издивоҷҳои ҳамҷинсгароҳо иҷоза шуд

Ozodi.org 

Барои нахустин бор дар қораи Осиё қонунгузорони Тайван тарҳи қонунеро қабул карданд, ки издивоҷи ҳамҷинсгароҳоро иҷоза медиҳад. Субҳи 17 май дар пушти бинои парлумон ҳазорҳо ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо ҷамъ омада интизори қабули қонуни нав буданд. Тсай Инвен, президенти Тайван дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: «Имрӯз мо шонси тағйир додани таърихро дорем ва метавонем аз ин роҳ ба ҷаҳон  намоиш бидиҳем, ки чӣ гуна дар ҷамъияти шарқи Осиё арзишҳои пешрафта реша медавонанд». Қабули қонун баъди баррасиҳои бисёрсола имконпазир шуд. Читать дальше...

Чиншиноси маъруф дар Қазоқистон бо айби "хиёнат ба давлат" боздошт шуд

Ozodi.org 

Константин Сироежкин, чиншиноси маъруфи Қазоқистонро боздошт ва дар хиёнат ба давлат айбдор карданд. Дар ин бора сомонаи "Интерфакс-Қазоқистон" бо такя ба мақомоти Қазоқистон иттилоъ дод. "15 январи соли 2019 нисбати Константин Сироежкин бо моддаи "Хиёнат ба давлат" парванда боз шуд", - навишт сомона аз қавли Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон. Чиншинос ва сиёсатшиноси 62-сола ҳанӯз 19 феврали соли ҷорӣ боздошт шудааст. Ҷузъиёти дигари боздошт ва парвандаи вай ошкор нест. Сироежкин дар Қазоқистон... Читать дальше...

Қирғизистону Узбекистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон дар масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз баргузор шуд. Дар ин бора аз девони вазирони Қирғизистон хабар доданд. Дар ҷараёни мулоқот муайянсозии қитъаҳои боқимондаи марз баррасӣ шудааст. "Дар доираи мулоқот гуруҳҳои корӣ ба созиш расиданд, ки дар қитъаҳои алоҳидаи марзӣ корҳои саҳроӣ анҷом диҳанд. Интизор меравад, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Узбекистон сурат гирад",-омадааст дар хабар. Читать дальше...

Рӯзноманигори узбек: "Аз интернет огаҳ шудам, ки зиддам парванда боз кардаанд"

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод, ки зидди шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷаб парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Ба огаҳии вазорат, ба боз шудани парвандаи мазкур 26 китоб ва навору видеоҳои телефони мобилие сабаб шуданд, ки 26-уми марти соли равон марзбонон дар фурудгоҳи Тошканд аз рӯзноманигор мусодира карданд. Дар иттилоияи вазорат ҳамчунин бозҷӯии манзили зисти Маҳмуд Раҷаб низ шарҳ дода шудааст. "Ҳангоми бозҷӯӣ аз хонаи шаҳрванд Маҳмуд Раҷаб як телефони мобилӣ, ноутбук... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *