Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2019

Новости за 18.05.2019

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд. Вазорат гуфт, касе осеб надидааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Таркиши лӯлаи газ дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе сокинон ва раҳгузаронро тарсонд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ ду видео фиристоданд, ки ҳодисаро аз аввал тақрибан то ба охир нишон медиҳад.

Эътирози якка зидди сиёсати молиявии “Агроинвестбонк”

Ozodi.org 

Бино ба як аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, зоҳиран муштарии “Агроинвестбонк” - бонки гирифтори буҳрон - бо шиоре ба кӯча баромада, эътирози худро аз кори бонк баён доштааст. Дар шиори дасти ӯ аз он изҳори норизоиятӣ шудааст, ки кормандони бонк ҳамоно музди баланд мегиранд, дар ҳоле ки гӯё 600 ҳисоби пиронсолон, модарон ва маъюбон баста буда, ба онҳо моҳе 50, 100 ва 300 сомонӣ медиҳанд. Ба эҳтимоли зиёд дар ин навишта аз бахши бонки мазкур дар шаҳри Хуҷанд сухан меравад ва гуфта мешавад... Читать дальше...

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд

Ozodi.org 

Дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе баъд нисфирӯзии 18-уми май лӯлаи газ таркид ва аз чанд ҷой шӯълаҳои баланди оташ баланд шуд. Мақомот ҳамон лаҳза ҳаракат дар роҳҳои наздик ба фалокатро бастанд. Аз талафот гузорише нашудааст.

Сел мошини хонандагонро чаппа кард

Ozodi.org 

Дар натиҷаи борони зиёд ва сел дар ноҳияи Ашт як мусофирбар бо гуруҳе аз хонандагони гимназияи Шайдон чаппа шудааст. Дар ҳодиса дар рӯзи 17-уми май касе осеб надидааст. Мақомот гуфтанд, вақти ҳаракати мусофирбар дар минтақаи Долона, сел мошинро аз роҳ берун кардааст.

Мулоқоти вазири Ҷопон бо панҷ вазир дар Душанбе

Ozodi.org 

Таро Коно, вазири умури хориҷии Ҷопон бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амният дар минтақаро гуфтӯгу кардааст. Мулоқот рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” сурат гирифт ва дар он вазирони панҷ кишвари минтақа ҳузур доштаанд. Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷии Афғонистон ҳам дар мулоқот ширкат кардааст. Расонаҳои Ҷопон навиштаанд, ки вазири кишварашон дар нишаст технологияҳои пешрафта барои зербунёдҳои лозим дар Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад. Читать дальше...

Дар Эрон се нависандаро ба зиндон андохтанд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Эрон се нависандаро ба иқдом ба зидди амнияти миллӣ гунаҳкор дониста ва ҳарсеро дар маҷмуъ ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин, Кайвон Божан ба “тарғиботи зиддидавлатӣ” ва “иқдом ба зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор дониста шудаанд ва ҳарсеро ҳафтаи гузашта ба 6 солии зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузоришҳо, муҳокима моҳи апрел шуруъ шудааст. Ҳарсе нафар узви Иттиҳодияи Нависандагони Эрон ҳастанд, ки зери фишори мақомот мондааст ва дар гузашта чанд узви онро бо айни иттиҳом зиндонӣ кардаанд. Читать дальше...



Ҳушдори Амрико аз парвозҳо дар фазои Халиҷи Форс

Ozodi.org 

Идораи Ҳавопаймоии Амрико ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ҳушдор додааст, ки бо авҷ гирифтани танишҳо бо Эрон мумкин аст, дар фазои Халиҷи Форс онҳоро иштибоҳан ҳадаф бигиранд. Дар тавсияномаи идора аз рӯзи 17-уми май омадааст, огаҳӣ гирифтаанд, ки “афзоиши фаъолиятҳои низомӣ ва танишҳои сиёсӣ дар минтақа, ба сабаби иштибоҳу сӯитафоҳум метавонад, барои ҳавопаймоиҳои ғайринизомӣ хатар эҷод кунад.” Танишҳо байни Амрикову Эрон дар рӯзҳои ахир афзуда ва нигарониҳоро аз эҳтимоли ҷанг байни ду тараф зиёд кардааст. Читать дальше...

Ҳамосаи шеър ва дард. Ҳушдорҳои вогузоштаи Мӯъмин Қаноат

Ozodi.org 

Шоир ва андешманди шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таваллуд шуда,18-уми майи соли 2018, ду рӯз пеш аз зодрӯз ва 86-солагияш дар Душанбе даргузашт. Ва мероси бузурге ба пасовандон гузошт.

Хабари маъюскунанда барои муҳоҷирон. Ҳаракати иқтисоди Русия суст шудааст

Ozodi.org 

Суръати рушди иқтисоди Русия дар семоҳаи аввали имсол ба шиддат суст шудааст ва сабабаш ҳам ба гуфтаи мақомот, коҳиши талаботи дохилӣ аст, ки баъди боло бурдани молиёт аз арзиши изофа ба амал омадааст.

Фармондеҳи ротаи Гвардияи миллиро ҷарима бастанд

Ozodi.org 

Додгоҳи низомии Душанбе фармондеҳи як ротаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои сӯистифода аз мақом бештар аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Додгоҳи мазкур рӯзи 16-уми май хабар дод, майор Алиакбар Назаров, командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 латукӯби яке аз сарбозони ин воҳиди низомиро пинҳон доштааст ва барои фош нашудани қонуншиканӣ Самандар Қувватови маҷруҳро 10 руз ба хона ҷавоб додааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Нуралишо Нажмиддинов, яке аз ҳамхидматони Самандар рӯзи 23-уми март... Читать дальше...

Неруҳои Покистон 9 ҷангҷӯи "ДОИШ"-ро куштанд

Ozodi.org 

Маъмурони амниятии Покистон дар як амалиёте дар шаҳри Кветта дар вилояти Балучистон 9 ҷангҷӯи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро куштаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи 16-уми май зимни нашри ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти чандсоата дар минтақаи Кӯҳи Меҳрон дар 47-километрии Кветта чаҳор маъмури амниятӣ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои ҷангҷӯёнро ба як шифохонае ба Кветта овардаанд. Амалиёт ба зидди ҷангҷӯён баъди он шуруъ шуд, ки ҳамлаву бомбгузориҳо дар моҳи Рамазон дар Балучистон афзоиш ёфт. Читать дальше...

Бо модар дар кунҷи зиндони Норак. Сарнавишти 9 кӯдаки тоҷик.

Ozodi.org 

Дар маҳбаси Норак, ки асосан дар он занон адои ҷазо мекунанд, 9 кӯдаки то 4-сола сола ҳамроҳи модарони худ нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомот мегӯянд, онҳо дар озодӣ таваллуд шудаанд ва баъди ҷиноят кардани модаронашон ба зиндон афтодаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *