Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2023

Новости за 22.07.2023

Фарди кордкаш ҷазо гирифт, вале ҷабрдида қонеъ нест

Ozodi.org 

Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб, ки соле пеш аз мушту лагад то ба кордзанӣ анҷом ёфта буд, дар долонҳои додгоҳу додситонӣ ҳанӯз давом дорад. Ҳамсояе, ки худро ҷабрдида медонад, даъво дорад, ки кордзанро мақомот ҷазои кам додаанд

Воридоти мошинҳои куҳна дар Тоҷикистон манъ мешавад?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.

Гирдиҳамоии мусалмонон дар Маскав алайҳи рейдҳои пулис

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз мусалмонон дар маркази Маскав алайҳи рейд ё тафтишҳои пулис дар масҷидҳо эътироз карданд. Гирдиҳамоӣ рӯзи ҷумъа баргузор шуда, эътиқодмандон аз он шикоят кардаанд, ки маъмурини интизомӣ бо баҳонаи тафтиши санад ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳангоми намозгузорӣ вориди масҷидҳо шуда, ин маросимро вайрон ва бадрафторӣ кардаанд Дар ин гирдиҳамоӣ, ки баъди намози ҷумъа аз назди як масҷиди таърихии Маскав оғоз шуд, садҳо нафар ширкат кардаанд. Бино ба навиштаи Телеграм – канали “Подем”... Читать дальше...

"Дард"-и зимистонаи Тоҷикистон, ки дар тобистон рӯ задааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар деҳаву ҷамоатҳои шимоли Тоҷикистон шикоят аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд расман маҳдудияти барқ ба онҳо эълон нашудааст, вале дар як шабонарӯз соатҳо бебарқ ҳастанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва таъминоти рӯзгори онҳо таъсир расондааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *