Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2023

Новости за 24.07.2023

"Ба раиси додгоҳ ва "ЗАГС" пора додаӣ." Як сокини Дарвоз аз фишори муфаттишон шикоят кард

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Дарвоз иддао дорад, ки муфаттишони додситонии ин ноҳия ӯро зери фишор қарор додаанд, то дар бораи пора додан ба раиси додгоҳ ва раиси Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаҳодат диҳад.

Ахбори Озодӣ аз 24-уми июли соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Беларус Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон таслим кардааст, як зани савобҷӯй дар Кӯлоб сокинони як бинои истиқоматиро бо оби ошомидани таъмин мекунад, мушкили хушунат дар муқобили занони тоҷикистонӣ ва матолиби дигар.

Фалаксарои тоҷик бо овозхони эронӣ таронаи муштарак иҷро кардаанд

Ozodi.org 

Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик дар ҳамкорӣ бо Содиқи Оҳангарон, маддоҳи эронӣ таронаи муштаракеро ба муносибати моҳи Муҳаррам эҷод кардаанд. Дар ин бора чанд расонаи эронӣ хабар додаанд. Исми тарона ё қитъаи оҳанг "Ҳусайнияи дил" аст ва он ба шеъри Алиризо Қазва навишта шудааст. Оҳанги нави муштараки Давлатманд Холов ва Содиқи Оҳангарон бо кумаки радио ва телевизиони давлатии Эрон сабт гардид. Иҷрои оҳангҳои дорои мазмуни мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки мақомоташ фаъолиятҳои диниро сахт зери назорат гирифтаанд, маъмул нест.

Нархи нави либоси мактабиро дар Тоҷикистон эълон карданд

Ozodi.org 

Нархи либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон барои соли нави хониши имсола 220-240 сомонӣ ё беш аз 20 доллар таъин шудааст. Дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Ховар” Абдурауф Пӯлодов, як мақоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои ватанӣ то имрӯз беш аз 1 миллиону 700 ҳазор адад сарулибоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки мутобиқ ба талабот будааст. Инчунин, ба қавли ӯ, ба Тоҷикистон либоси мактабии истеҳсоли Узбекистон ҳам ворид... Читать дальше...

Беларус як фаъоли тоҷикро барои муҳокима ба Тоҷикистон супурдааст

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Беларус Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт, ба Тоҷикистон истирдод кардааанд. Дар ин бора вакили мудофеъи Низомиддин Насриддинов дар Белорус ба пайвандонаш дар Олмон хабар додааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора суҳбат накардаанд. Низомиддин 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд ва то истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд. Ӯ дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст. Читать дальше...

Дар сели харобиовар дар Афғонистон даҳҳо нафар кушта шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Толибон дар Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи чанд рӯзи обхезиҳо дар ин кишвар дастикам 31 нафар кушта ва дастикам 74 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба қавли маъмурияти ин кишвар, эҳтимол дорад, ки шумори қурбониҳо бештар шавад. Инчунин садҳо гектар заминҳои кишт ва дастикам 604 манзил хароб шудааст. Хисороти бештарин дар вилояти Майдон Вардак мушоҳида мешавад. Мақомот инчунин аз хатари обхезиҳо дар Кобулу Ҳилманд огоҳ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистони... Читать дальше...

Дар садамае дар Хатлон шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак ҳалок шудаанд

Ozodi.org 

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мошинеро, ки бар асари садама ба рӯдхонаи Ёвонсӯ сарозер шуда буд, аз об берун карданд. Рӯзи 22-уми июл мошине дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба рӯдхонаи Ёвонсӯ афтодааст ва шаш нафар мусофирони он, аз ҷумла се хурдсол, ба ҳалокат расиданд. Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт,  ҷасади чор нафар бо мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд. Читать дальше...

Муовини ҳокими Чимкентро ба ҳабс гирифтанд

Ozodi.org 

Мақсуд Исахов, муовини ҳокими шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки ҳафтаи пеш бо гумони фасодкорӣ боздошт шуда буд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ҳукми ҳабси Исахов рӯзи 21 июл содир шудааст. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 20 июл аз боздошти муовини ҳокими шаҳри Чимкент Мақсуд Исахов хабар дода буд. Ба иттилои мақомот, ин мансабдорро "ҳангоми ҳамоҳангсозии фасодкорӣ" боздошт кардаанд. Мақсуд Исахови 49-сола моҳи феврали соли 2020 муовини шаҳрдори Чимкент таъйин шуда буд. Ӯ дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *