Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2023

Новости за 01.07.2023

Дар Фархор тарбуз фаровон ва арзон шуд

Ozodi.org 

Соли гузашта мардум аз камчин ва гарон буданаш шикоят доштанд, имсол деҳқонҳо аз арзон шуданаш. Дар ноҳияи Фархор мавсими ҷамъоварии тарбузу харбуза ҷараён дорад. Қисмеро аз онҳо харида ба Беларус бурдаанд, қисмеро ба бозорҳои дохилӣ мебароранд.

Нозанини эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ дид?

Ozodi.org 

Як шаҳрванди Эрон пас аз озодӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароити нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард. Нозанин Матеӣ дар охири соли 2022 ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошту панҷуним сол зиндонӣ шуд. Ӯро пеш аз вақт ва бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Худаш тасдиқ мекунад, ки ҳангоми гузаштани марзи Афғонистон ба даст шохаи хушки кукнор дошт, аммо бехабар аз онки дар Тоҷикистон ҷурм аст ва ӯро зиндон мунтазир. Нозанин Матеӣ даъвати моро пазируфт ва розӣ шуд, ки дидаҳояшро бигӯяд.

Ашӯров Рустам Каримович кист?

Ozodi.org 

Изҳороти фаврӣ, аммо кӯтоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз гумонзадҳо ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, якбора чанд суолро ба миён овард.

"Русия дигар кафили субот нест". "Сабақ"-и Пригожин ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?

Ozodi.org 

"Раҳбарони Осиёи Марказӣ рӯйдодҳои охирро дар Русия, ки Кремл "ошӯби мусаллаҳона" номид, бо "ошуфтагӣ" истиқбол карданд ва акнун масъалае ҳаст, ки онҳо бояд дар борааш бештар фикр кунанд," – мегӯяд ходими илмии Маркази Карнегии Берлин Темур Умаров.

Боздошти 994 кас дар Фаронса

Ozodi.org 

Дар чаҳор рӯзи бетартибиҳо дар Фаронса, ки пас аз қатли як наврас аз сӯйи пулис шуруъ шуд, 994 касро дастгир кардаанд.

Сохтмони шаҳри навро дар Қирғизистон шуруъ карданд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 30-юми июн санги асоси шаҳри Асманро дар соҳили кӯли Иссиқкӯл гузошт. Вай гуфт, мақомоти кишвараш тасмим доранд, "шаҳри инноватсионӣ"-е созанд, ки "ба маркази иқтисодиву сайёҳӣ" табдил хоҳад шуд.



Яке аз гумонбарон ба рабудани муовини Ҳасан Асадуллозода "дастгир шудааст" ВИДЕО

Ozodi.org 

Яке аз гумонбарон ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент, захмӣ ва дастгир шудааст, аммо на дар Тоҷикистон, балки дар Молдова.

Туркия, Шветсия ва НАТО. Баҳсе, ки сӯзондани Қуръон доман зад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сӯзондани нусхаи Қуръон дар шаҳри Стокҳолм, маркази Шветсия, вокунишҳои густурда ва тундро дар баъзе аз кишварҳои исломӣ ва мусулмонӣ ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *