Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2023

Новости за 01.05.2023

Зане, ки дар навор кӯдакашро мезад, ҳодисаро шарҳ дод

Ozodi.org 

Навори зане, ки кӯдаки ноболиғро мезад, вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Корбарон дар зершарҳи ин навор хостори ҷазо ё пешгирии ин ҳолат шудаанд.Ин зан кӣ буд ва чаро азияти кӯдакашро дар навор сабт кардааст?

Чаро ҳукми Саидаҳмадзодаро пинҳон медоранд?

Ozodi.org 

Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба "ҳукми сафед", хостааст, қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба ӯ бозбинӣ шавад. Додгоҳи олӣ се ҳафта пеш Саидаҳмадзодаро дар як мурофиаи пӯшида ба зиндон маҳкум кард, аммо додрас ва вакилони дифоъ намегӯянд, ки ӯ чанд сол аз озодӣ маҳрум шуда.

Раисони ду ноҳияро дар Тоҷикистон дигар карданд

Ozodi.org 

Бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми май, Шарифхон Сафарзода аз мансаби раиси ноҳияи Варзоб озод ва номаш ба мақоми муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудааст.



Путин қонунро дар бораи шаҳрвандӣ имзо кард

Ozodi.org 

Бар асоси он, муҳоҷирон ё хориҷиёни табааи Русия, ки артиши ин кишварро беобрӯ мекунанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд, на онҳое, ки дар ин давлат ба дунё омадаанд.

"Мактаби тоҷикӣ ҳаст, китоб нест." Тоҷикони Сариосиё чӣ вазъ доранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар Узбекистон мегӯянд, дар тақрибан шаш соли охир дари баъзе аз мактабҳои тоҷикӣ дигарбора ба рӯйи хонандагон боз шуд, аммо камбуди китоб ҳалли худро наёфт.

Сариосиё: “Мактаби тоҷикӣ ҳаст, китоб нест”

Ozodi.org 

Сокинони вилояти Сурхондарё дар Узбекистон мегӯянд, дар тақрибан шаш соли охир дари баъзе аз мактабҳои тоҷикӣ дигарбора ба рӯйи хонандагон боз шуд, вале камбуди китоб ҳалли худро наёфт.

Афви ягона зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Тоҷикистон ягона зиндонии эрониро озод кардааст. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии "Форс" бо такя ба сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ хабар дод.

Дар раъйпурсии Узбекистон "беш аз 80%-и сокинон ширкат кардаанд"

Ozodi.org 

Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст. Дар сурати мусбат будани натиҷаҳои раъйпурсӣ президенти ҳозираи Узбекистон Шавкат Мирзиёев метавонад, то соли 2040 дар қудрат бимонад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *