Пурсиш: Коратон ба адвокатҳо афтидааст? ВИДЕО
Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи адвокатура эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи адвокатура эълон шудааст.
Бо як қарори додгоҳи Сингапур ба бонки Credit Suisse амр дода шуд, ки ба собиқ нахуствазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили 926 миллион доллар пардохт шавад. Ин маблағ бояд чун ҷуброни аз даст додани як қисми дороиҳояш пардохт шавад. Ин яке аз азимтарин қарорҳои додгоҳӣ аст, ки зидди як бонк содир мешавад. Додгоҳи байналмилалии тиҷоратии Сингапур гуфт, ки намояндагии Credit Suisse ноҳақ рафтор кард ва аз ҳифзи сарвати Иванишвилӣ сарфиназар намуд. Ин як зарбаи дигаре ба бонки пури мушкил аст, ки зери назари UBS гузаштааст. Читать дальше...
Бо вуҷуди эътирозҳо, мақомоти Кӯлоб дарҳои бозори "Лола"-ро бастанд.
Муҳоҷири тоҷик бо ёрии Радиои Озодӣ аз боздошт раҳо ва ба ватан бармегардад.
Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи адвокатура эълон шудааст. Ҳамкорони мо дар Душанбе аз роҳгузарон дар бораи кори адвокатҳо пурсиданд.
Хабарнигори тоҷик Хуршед Фозилов ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, эътирози тоҷирон ба баста шудани бозори "Лола"-и Кӯлоб давом дорад, вазъи ногувори муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия ва матолиби дигар.
Хабарнигори тоҷик Хуршед Фозиловро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.
Фарҳангиёни Самарқанд мегӯянд, ба онҳо иҷоза дода нашуд, ки дар маросими видоъ бо ҳунаршиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров аз зиндагӣ ва шахсияти ӯ сухан кунанд. Дар ҳоле ки даҳҳо нафар аз аҳли илму фарҳанг дар ҳавлии Ато Аҳроров дар деҳаи Мотуриди вилояти Самарқанди Узбекистон мехостанд, аз корнома ва хислатҳои инсонии ӯ ҳикоят кунанд, пас аз як дуъои ҷаноза ба забони узбекӣ ба баргузории маросими видоъ роҳ дода нашудааст. Чанд нафар аз шоҳидони воқеа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имоми ҷаноза, муовини... Читать дальше...
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки дар давоми нӯҳ моҳи гузашта беш аз ҳазор адад виза ё раводиди муҳоҷират ба Амрикоро содир кардааст ва ин “як қадами муҳиме” дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Дар хабаре, ки 26-уми май нашр шуд, сафорат гуфт, то октябри соли 2022 масъулияти додани раводиди муҳоҷират ба дӯши сафоратхонаи Амрико дар Қазоқистон буд ва акнун чунин хадамот барои шаҳрвандони Тоҷикистони ҷӯёи муҳоҷират ба ИМА дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад. “Сафорати ИМА дар ш. Душанбе имконияти... Читать дальше...
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз мақомоти Русия хостааст, ҳодисаи шиканҷаи донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск ва боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котелники мунсифона таҳқиқ шавад. Ба дунболи даъвати сафири Русия ба ВКХ Тоҷикистон ва муроҷиати ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ҳамкори русаш, вазири умури дохилӣ ҳам расидагии одилона ба қазияи азияту шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистонро тақозо кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри хабарномае рӯзи 26-уми май гуфт... Читать дальше...
Бо вуҷуди эътирози дурӯзаи даҳҳо тоҷири бозоре дар Кӯлоб, бо як қарори раиси ин шаҳри воқеъ дар 200-километрии ҷануби Душанбе фаъолияти Маркази савдои “Лола” “боздошта шуд”.
Яке аз осебдидагони таркиши зарфи газ дар ноҳияи Панҷ фавтид. Пизишкон вазъи саломатии чор захмии дигарро вахим мегӯянд. Як масъули ҳукумати ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, Каромат Умедоваи 43-сола, шаби 25 ба 26-уми май ҷон дод. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ҳам хабарро тасдиқ карданд. Пизишкони бемористон мегӯянд, чанде аз осебдидагонро ба шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар фиристодаанд. Рӯзи 20-уми май дар як нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр дар маркази ноҳияи Панҷ зарфи гази моеъ таркид. Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон варзишгари маъруф ва мухолифи ҳукумати ин кишвар Марат Жиланбоевро бо гумони "иштирок дар созмони мамнуъ" ва "маблағгузории фаъолияти созмони ифротӣ" ду моҳ ҳабс кард. Қарори ҳабси Жиланбоев, ки ҳизби сабтиномнашудаи "Алга, Казахстан!"-ро раҳбарӣ мекунад, 25 май содир шудааст. Марат Жиланбоеви 60-сола дар солҳои охир мақомотро танқид ва дар эътирозҳо иштирок мекард. Ҳоло нисбат ба ӯ бар асоси ду банд, аз ҷумла "ташкил ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ... Читать дальше...
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт шуданд, "пас аз тафтиши санадҳояшон озод шудаанд." Радиои Озодӣ феълан наметавонад мустақилона ин хабарро тасдиқ кунад. Дар изҳороти Сафорат, ки 25-уми май пахш шуд, гуфта нашудааст, ки дар умум чӣ қадар муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники боздошт шуданд ва сабаби дастгир шуданашон чист. Масъулини Сафорат танҳо гуфтаанд, мавзӯи боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котелникиро пайгирӣ доранд. Рамазон Раҳимзода... Читать дальше...
Салкиной Олимбоева, ҳамсари сиёсатмадори зиндонӣ ва собиқ вакили порлумони Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков 25 май аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шудааст. Разак Ашимбоев, вакили дифои Олимбоева ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон соатҳои 8-и шаб шахси зери ҳимояашро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд ва то ҳол наметавонад бо вай тамос гирад. Сабаби боздошти ӯ низ маълум нест. Писари Олимбоева, Азат Равшан шоми 25 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт... Читать дальше...
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гуфт, Ереван ва Боку дар мавриди эътирофи тамомияти арзии ҳамдигар ба созиш расидаанд. Пашинян афзуд, ки Арманистон омода аст тамоми долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ, аз ҷумла иртибототи минтақавиро бо Озарбойҷон боз кунад. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар навбати худ гуфт, "имкони сулҳи Боку ва Ереван вуҷуд дорад, бахусус бо назардошти он ки Арманистон Қарабоғро ҷузъи Озарбойҷон эътироф кардааст." Вай ҳамчунин зикр кард... Читать дальше...
Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари "Human Rights Watch" (HRW) рӯзи 24 май бо нашри изҳороте гуфт, мақомоти Узбекистон бо вуҷуди ваъдаҳои озодии динӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи диндоронро идома медиҳанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Узбекистон дар раванди сабтиноми ҷамоатҳои динӣ монеаҳо вуҷуд доранд ва мақомоти ин кишвар фаъолони динӣ, аз ҷумла мусулмононро ба иттиҳоми ифротгароӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд. "Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ибтидо барои оғози ислоҳоте, ки ба озодии бештари динӣ дар ин кишвар замина мегузошт... Читать дальше...