Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2023

Новости за 22.05.2023

"80 дарсади баданаш сӯхтааст." Шарҳи пизишкон дар бораи захмиёни таркиш дар Панҷ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пизишкон аз беҳбуди вазъияти 28 нафар захмиёни инфиҷори зарфи газ дар бозори ноҳияи Панҷ хабар доданд. Вале бо ин ҳол хатар ҳанӯз ҷой дорад. Ду нафар аз маҷруҳшудагон наврасони 3 ва 4 сола будаанд. Дар пайи ин ҳодиса то кунун касе нафавтидааст.

Ахбори Озодӣ аз 22-уми майи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бозгашти беш аз сад зану кӯдаки тоҷик аз Сурия, ирсоли табибон аз Душанбе барои муолиҷаи қурбониҳои таркиши балони газ дар Панҷ, афзоиши азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва матолиби дигар.

Дар Қирғизистон донишҷӯён манъи маърӯзаи Аскар Оқоевро талаб доранд

Ozodi.org 

Бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исҳоқ Раззоқов зидди маърӯзаи президенти пешини ин кишвар Аскар Оқоев баромаданд. Онҳо 21 май муроҷиатномаеро низ ба унвонии раҳбарияти донишгоҳ фиристоданд. Матни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Яке аз донишҷӯён Элхан Алибоев гуфт, "маърӯзаи Оқоев барои насле, ки ӯ замоне ояндаи онҳоро рабудааст, масхара мебошад". Раҳбарияти донишгоҳ то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст. Қаблан хабар дода шуд, ки Оқоев ҳамроҳи ҳамсараш... Читать дальше...

Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барканор шуд

Ozodi.org 

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барканор ва Алиакбар Аҳмадиён ҷойгузини ӯ шудааст. Алӣ Шамхонӣ аз 10 сол ба ин тараф дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд ва қаблан дар мақоми ввзири дифои он кишвар кор карда буд. Ба дунболи эътирозҳо дар Эрон дар чанд моҳи гузашта, хабарҳо дар мавриди эҳтимоли барканории Алӣ Шамхонӣ нашр шуда буд, ки баъдан рад шуд. Алӣ Шамхонӣ дар моҳҳои ахир муваффақ шуда буд, ки робитаҳои Эрон ва Арабистони Саудиро беҳбуд бахшад. Читать дальше...

Ҳунарманди рус аз шаҳрвандии Русия гирифтани тоҷикон нигаронӣ кард

Ozodi.org 

Як ҳунарпешаи рус аз соҳиби шаҳрвандии Русия шудани ҳазорон муҳоҷир нигаронӣ кардааст ва аз мақомот хостааст, чора бинанд. Яна Поплавская, ҳунарпешаи 55-солаи рус, ки бо иҷрои нақши "Красная шапочка" ё "Кулоҳсурхак" шинохта мешавад, дар канали телеграми худ аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки агар ин вазъ пешгирӣ нашавад, шаҳрҳои Русия ба “қишлоқҳои Осиёи марказӣ” табдил меёбанд. Читать дальше...



Дар минтақаи марзии Тоҷикистон заминларза сабт шудааст

Ozodi.org 

Дар минтақаи наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Покистон заминларза бо шиддати 5,3 дараҷа рух дод. Маркази заминларза дар 35-километрии ҷанубу ғарб дар марз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон воқеъ будааст. Ин минтақа 26 ҳазор нафар ҷамъият дорад. Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар додааст. Дар бораи хисороту талафот аз ин зилзила маълумот нест. Ба иттилои шабакаи телевизионии Ориёно News-и Афғонистон, зилзила дар Кобул ҳам эҳсос шудааст.

Ҳуқуқшиноси қазоқ дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълом кард

Ozodi.org 

Ҳуқуқшинос ва раҳбари боздоштшудаи иттиҳодияи "Мардум зидди фасодкорӣ" Аслан Утепов гуфт, аз 21-уми майи имсол гуруснанишинӣ эълом кардааст. Ӯ гуфт, дар эътироз ба парвандае, ки алайҳаш боз шудааст, гуруснанишинӣ мекунад. "Ман се рӯз гуруснанишинӣ мекунам. Зидди раҳбарияти боздоштгоҳ ягон даъво ва шикоят надорам. Агар дар давоми гуруснанишинӣ бо ман ҳодисае рух диҳад, хоҳиш мекунам, афроди зерин ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - гуфтааст ӯ. Ба гуфтаи Утепов, дар қазияи ӯ додситони вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Сатбаев... Читать дальше...

омор

Ozodi.org 

Тибқи гузориши Маркази омори Эрон, дар як соли гузашта дар ин кишвар дастикам 27 ҳазору 448 духтари зери 15-сола издивоҷ кардаанд. Ин гузориш нишон медиҳад, ки издивоҷҳои бармаҳал дар Эрон рӯ ба афзоиш будааст. Ин дар ҳоле аст, ки масъулини ҳукумати Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон борҳо гуфта буданд, ки бо издивоҷҳои бармаҳал, ки мушкили занонро бештар мекунад, розӣ нестанд. Тибқи гузоришҳо, издивоҷҳои бармаҳал дар 6 соли ахир дар Эрон коҳиш ёфта буд, вале ҳоло дигарбора рӯ ба афзоиш овардааст. Читать дальше...

Ҷанҷол миёни Теҳрон ва Толибон бар сари тақсими об боло гирифтааст

Ozodi.org 

Дар пайи боло рафтани танишҳои лафзӣ байни сарони Эрон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон бар сари "ҳақоба" ё тақсими оби дарёи Ҳирманд, як ҳайати низомӣ аз Теҳрон рӯзи якшанбе ба Кобул рафтааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *