Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2023

Новости за 13.05.2023

Мақомот дар Исфара дари масҷидро бастанд ва ба сокинон шарт гузоштанд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Исфара ба сокинон ва имомхатибони як деҳа шарт гузоштаанд, ки агар ҷавонони синни даъват ба комисариати ҳарбӣ барои рафтан ба артиш ҳозир нашаванд, дари масҷидашонро боз нахоҳанд кард.

Тоқаев гуфт, барои Қазоқистон Тайван як қисми Чин аст

Ozodi.org 

Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки Тайванро як пора хоки Чин меҳисобад. Ӯ ин ҳарфро рӯзи 12-уми май дар суҳбат бо телевизиони CCTV-и Чин иброз дошт. Аксар кишварҳои ғарбӣ Тайванро як кишвари мустақил медонанд, вале Чин онро хоки худ меҳисобад. Раҳбари Қазоқистон, ки дар суҳбаташ ҳамкориҳои кишвараш бо Чинро "самимӣ" номид, ошкоро аз мавқеи Чин дар робита ба Тайван пуштибонӣ кард. Ба қавли Тоқаев, барои Қазоқистон "комилан рӯшан" аст, ки Тайван хоки Чин аст. "Набояд "ду Чин" вуҷуд дошта бошад. Читать дальше...

Шаш ҷангҷӯ ва ҳафт низомии Покистон дар ҷанге кушта шудаанд

Ozodi.org 

Дар даргирии мусаллаҳонае дар пойгоҳи Муслим-Боғ дар вилояти Балуҷистони Покистон шаш ҷангҷӯ ва ҳафт корманди хадамоти бехатарии ин кишвар кушта шудааст. Мақомот хабар доданд, ки ҷангҷӯён ба пойгоҳи марзбонон дар Муслим-Боғ рӯзи 12-уми май ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳоло амалиёт барои озод кардани чанд асир ва саркуб кардани ҳамлагарон оғоз шудааст. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши исломии “Таҳрик ва Ҷиҳоди Покистон” бар душ гирифтааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *