Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 08.06.2023

"Мегӯянд, пул деҳ." Сабаби баҳси тоҷирон ва маъмурияти бозори Турсунзода чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз тоҷирон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят доранд, ки маъмурият бо талаби “ҳақ” монеи корашон шудааст. Дар идораи "Тоҷикматлубот”-и Турсунзода, ки бозор зери итоаташ ҳаст, шикояти тоҷиронро “беасос” номида, баръакс, баъзеи онҳоро ба саривақт надодани пули иҷора гунаҳкор карданд.

Ахбори Озодӣ аз 8-уми июни соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Амири Қатар бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад, тоҷирони бозори Турсунзода шикоят доранд, ки бесабаб андозашонро боло бурдаанд, видоъ бо донишманди тоҷик Зафар Мирзоён ва матолиби дигар.



Аз "BigTech" хостанд, монеи ҷудоии Русия аз Интернет шавад

Ozodi.org 

Гузоришгарони Бидуни Марз, сармуҳаррирон ва рӯзноманигорони расонаҳои мустақили Русия аз раҳбарони ширкатҳои бузурги фанноварӣ даъват кардаанд, ки барои пешгирӣ аз қатъи бахши русии интернет аз шабакаи ҷаҳонӣ гурӯҳи кории “Муҳандисон алайҳи диктатор"-ро ташкил кунанд.

"Муҷозоти дастҷамъии ғайринизомиён дар Панҷшер". Гузориши Amnesty International

Ozodi.org 

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши наве дар бораи ҳамлаҳои Толибон дар вилояти Панҷшер маълумот пешниҳод кардааст, ки метавонад "ҷинояти ҷангӣ" ва ё "муҷозоти дастҷамъӣ" хонда шавад.

Дар Қазоқистон дафтари Назарбоевро мебанданд

Ozodi.org 

Муовини сарвазир ва вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубоев гуфт, дафтари президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар моҳҳои наздик фаъолияти худро қатъ мекунад. "Таҷдиди сохтори ин идора аллакай ҷараён дорад. Дар ояндаи наздик ман ба шумо хоҳам гуфт, ки чӣ тасмим гирифта мешавад. Аммо ин идора дигар вуҷуд нахоҳад дошт", - иқтибос овардааст хабаргузории "Интерфакс" аз суханони Жамаубоев. Ба гуфтаи ӯ, кормандони дафтари Назарбоев ба корхонаҳои дигар гузаронида мешаванд ё ихтисор хоҳанд шуд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *