Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 10.06.2023

Шаҳромро бо кӯмаки Радиои Озодӣ пайдо карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Волидонаш мегӯянд, писари аз хона фироркардаро бо кӯмаки тамошобинон Радиои Озодӣ пайдо карданд. Нигарониву ғаму тарси хонаводаи Камоловҳо, ки дараки Шаҳроми 15-соларо меҷустанд, се ҳафта баъди нопадид шудани писар ҳафтаи аввали моҳи июн  рафъ шуд. Писари аз мактабаш ба самти Душанбе фироркардаашонро дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳои канори пойтахт пайдо карданд. Дар ин муддат ҳоли модараш бад шуд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи маҳаллӣ табобат мегирад. Саъдӣ Камолов, падари Шаҳром мегӯяд:  “Чанд касе занг зада гуфт... Читать дальше...

100-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ

Ozodi.org 

10 июн аз зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ 100 сол пур шуд. Ӯ яке аз намояндагони маъруфи адабиёти шӯравии тоҷик ба шумор меравад. Ба ин муносибат имрӯз дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон як ҳамоиши илмию амалӣ барпо шуд ва дар идомаи ҳафтаи ҷорӣ нақш ва мероси Шукӯҳиро дар адабиёти асри 20 дар ҳамоишҳое дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва маҳфилҳои дигар ёд карданд. Шукӯҳӣ дар мақомҳои муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раиси... Читать дальше...

ЮНЕСКО сармоягузории назорат аз пиряхҳои Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад

Ozodi.org 

ЮНЕСКО – идораи илм ва фарҳанги СММ гуфт, ки аз тобистони соли 2023 сармоягузории барномаи минтақавии илмӣ оид ба назорат аз пиряхҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ду баробар зиёд мекунад. Барномае, ки соли 2021 бо 6 миллион доллар буҷа роҳандозӣ шуда буд, бо ҳадафи таҳияи харитаи пиряхҳои дар ҳоли обшавии Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шуд. Тасмими ЮНЕСКО дар  поёни сафари кории Одре Азуле, дабири кулли ЮНЕСКО ба Қазоқистону Қирғизисттон  ҳафтаи ҷорӣ эълон шуд. Дар изҳороти ин созмон рӯзи 10-уми июн таъкид шудааст... Читать дальше...

Таркиш дар корхонаи мушаксозии Туркия панҷ касро кушт

Ozodi.org 

Вазорати дифои Туркия гуфт, дар таркише, ки 10 июн дар корхонаи истеҳсоли маводи тарканда рух дод, панҷ коргар кушта шуд. Таркиш дар  корхонаи истеҳсоли мушак ва дигар маводи мунфаҷираи воқеъ дар 40-километрии шаҳри Анкара рух дод. Волии Анакара Восип Шоҳин ба хабарнигорон гуфт, ки дар дохили корхона дигар ҳеҷ нафаре нест, ки дармонда ваё ба кӯмаки тиббӣ ниёз дошта бошад.

Дар бешазори Колумбия чор тифли гумшударо зинда пайдо карданд

Ozodi.org 

Чор кӯдаки гумшуда баъди суқути ҳавопаймое дар бешазори Амазон зинда пайдо шуданд. Дар натиҷаи афтодани ҳавопаймое чил рӯз пеш се калонсоле аз миёни сокинони бумии Колумбия ба ҳалокат расиданд ва ноболиғон нопадид шуданд. Амалиёти ҷустуҷӯи онҳо тамоми ин вақт идома дошт ва ба хабари ташвишовари тамоми кишвари Колумбия табдил шуд. Нигарониҳо аз сарнавишти кӯдакони нопадидшуда дар ҷангали анбӯҳ ва пурхатар боло мегирифт ва баробар бо наҷотбахшон низомиён ҳам дар ҷустуҷӯи кӯдакон ҷалб шуданд. Президент Густаво Петро гуфт... Читать дальше...

ИМА гуфт, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия "дар истеҳсоли паҳпод мусоидат кунад"

Ozodi.org 

Мақомоти амрикоӣ  мегӯянд, бар пояи  гузоришҳои дастрасшуда, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия фанновариҳои истеҳсоли паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишинро фароҳам кунад.

"Ниҳоли ҳақиқат". Нигоҳе ба рӯзгори Ойниҳол Бобоназарова

Ozodi.org 

Ойниҳол Бобоназарова: “Ман аввалин духтаре будам, ки аз ҳамон ноҳия (Ёвон) барои хондан ба Душанбе омада будам. Ба факултети ҳуқуқшиносӣ. Умуман ман мактабро бо медали тилло хатм карда будам, лекин то ҳозир медалро нагирифтаам, намедонам барои чӣ?”





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *